Jump to content

Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистон — иттиҳодияи ҷамъиятии миллию фарҳангии уйғурҳои маскуни Тоҷикистон. Соли таъсисаш 1992. Раёсаташ дар шаҳри Душанбе. Зиёда аз 5 ҳазор уйғури ҷумҳуриро муттаҳид карда, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Турсунзода шуъбаҳо дорад. Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистон бо мақсади муттаҳид кардани уйғурҳо, нигаҳдории расму оин, анъанаҳо, забону фарҳанги миллӣ, барқарор кардани муносибат бо ватани таърихӣ – Вилояти Мухтори Синсзян-Уйғур (ВМСУ)-и Ҷумҳурии Халқии Чин, инчунин ҳамватанони бурунмарзии сокини дигар кишварҳои ҷаҳон ташкил шудааст. Он чун дигар диаспораҳои миллии кишвар дар чораҷӯиҳои сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунад. Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистонро Сафорати Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, ба он барои баргузории ҷашнҳо, чораҷӯиҳои фарҳангӣ, дастрас кардани маводди зарурӣ, ки­тобҳои дарсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои дар ВМСУ нашршаванда ёрӣ мерасонад. Сафорат ҳамчунин ба Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистонёрии моддию молиявӣ расонда, барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар ВМСУ мусоидат мекунад. Уйғурҳо дар То­ҷикистон, баробар бо мардуми таҳҷоӣ, аз тамоми ҳуқуқҳо бархурдор буда, дар баргузор кардани суннатҳои мазҳабӣ ва расму ойини миллӣ озоданд. Раиси Ассотсиатсияи уйғурҳои Тоҷикистон (ваф. феврали 2011) Ҳасанов О. узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти ҶТ буд.

/ М. Шарифзода.