Jump to content

Астарбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Астарбозӣбозии қадимии тоҷикон, ки ба шашкабозӣ шабоҳат дорад. Онро баъзан «шонздаҳқатора» низ меноманд. Ду бозигар 16-тоӣ муҳра доранд. Муҳраҳо шакли махсус надоранд ва аз сангча, кулӯх, танга, тухми рустанӣ ва ғайра иборат буда метавонанд. Муҳраҳо дар маҷмӯъ ба як намуд буда, танҳо бо нишонае аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо аз як нуқта ба нуқтаи дигар болои хат ҳаракат мекунанд. То баромадани ҳамаи «сипоҳиён» аз «арк» «шоҳ» наметавонад аз он берун ояд. Берун аз арк сипоҳиён ҳуқуқи аз назди шоҳ ақиб рафтан надоранд. Муҳраи ҳарифро зада гирифтан мумкин аст.

Роҳи бурд дар Астарбозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Се роҳи бурд мавҷуд аст:

  1. Шоҳро дар кунҷ банд кардан.
  2. Шоҳро зада гирифтан, ки бо ин бозӣ тамом мешавад.
  3. Тамоми донаҳо ва шоҳро зада гирифтан.

Ҳар як бурд хол меоварад. Секунҷае, ки аз он ҷо бозигарон ба бозӣ шурӯъ мекунанд, ба забони тоҷикӣ «астар» (арк) ном дорад. Дар муқобили арк ҳариф ҷой мегирад, муҳраҳо дар болои нуқтаҳои буриши хатти канор ва дохил монда мешаванд. Танҳо панҷ буриши хатти мобайн холӣ мемонад. Муҳраҳо аз як хат ба хатти дигар, ба ҳама тараф рост ба пеш, ба хатти каҷ ё ба қафо бо як хат рафта метавонанд. Тамоми муҳраҳо то охири бозӣ ҳуқуқи ягона доранд. Дамка ё дигар тағйирот вуҷуд надорад. Бозигар муҳраро гирифта, аз болои ҳариф хез карда, дар нуқтаи холии наздик меистад. Якбора якчанд муҳраро гирифтан мумкин аст. Агар ҳариф қасдан барои манфиати худ муҳраро қурбон кунад, онро зада гирифтан мумкин мешавад, ам­мо гирифтанаш маҷбурӣ нест.

Мақсади астарбозӣ бо муҳраҳои худ муҳраҳои ҳарифро гирифта, арки онро забт кардан мебошад. Агар оқибати бозӣ маълум бошад, чун шоҳмот ва шашка онро то охир давом намедиҳанд. Аз арк баровардани ҳамаи муҳраҳо зарурнест, агар роҳи гаштан бошад. Муҳраҳои ҳарифон ду ранг дошта, ҳар гурӯҳ аз як шоҳ ва 15 сипоҳӣ (ҷамъ 16 муҳра) иборат аст. Шаш муҳра (шоҳ ва панҷ сипоҳӣ) дар арк меистанд. Шоҳ дар мобайн, сипоҳиҳо дар чаҳор тараф ҷой мегиранд. Даҳ сипоҳӣ аз пеши арк дар ду хатти майдон камин мегиранд. Тарзи ҷойгиршавии ҳар ду тараф бар як навъ аст. Хатти мобайнро «марза» меноманд ва он танҳо дар аввали бозӣ холӣ меистад. Ҷойи исти муҳраҳоро камингоҳ меноманд. Астарбозӣ бозии хеле қадимист, шакли ҳандасиаш ба он далолат мекунад, ки бозии аҳли савод ва донандагони риёзию ҳисоб будааст. Дар Самарқанд, водии Зарафшон, Дарвоз, Файзобод, Ҳисор бештар маъмул будааст.

/ Н. Турсунов.
  • Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Душанбе, 1983.