Jump to content

Афандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Афандӣ (форсӣ: آفندی‎‎, ар. أفندي‎, тур. efendi, тоторӣ: әфәнде, әfәnde — ҷаноб, сардор) — шакли туркишудаи калимаи юнонии «аутентиа», ки маънояш «ҷаноб», «сардор», «оғо», «мулло» мебошад.

Таърих

Дар Туркия асрҳои 14—15 калимаи афандӣ ба талаффузи «эфендӣ» чун калимаи муроҷиатӣ ба шахсони муҳтараму муътабар маъмул гардид. Ба аҳли адаб — шоирону нависандагон, аҳли илму фарҳанг ва дигарон афандӣ гуфта муроҷиат мекарданд. Калимаи афандӣ дар ашъори Ҷалолуддини Румӣ ба ҳамин маъно вомехӯрад.

Афандӣ дар латифаҳо

Аз таърихи илму адаб, фарҳанг, таърихнигории эронитаборон, мардуми кишварҳои арабию туркӣ, юнонӣ ва ғайра бармеояд, ки аксаран латифаҳо, ҳазлу мутоибаҳо дар бораи бузургон Суқрот, Арасту, Луқмон, Афлотун, Анӯшервон, Баҳлул, Абунувос, Талҳак, Аёз, Мулло Мушфиқӣ, Хоҷа Насруддин, ва дигарон ва ё аз номи онҳо гуфта шудаанд.

Латифаҳо бо калимаи Афандӣ аввал дар Туркия пайдо шуда, баъдан дар Осиёи Марказиву Озарбойҷон паҳн гардиданд. Дар байни мардуми тоҷик латифаҳо бо номи Афандӣ, Хоҷа Насруддин Афандӣ аз садаи XIX маълуманд. Латифаҳои тоҷикӣ дар заминаи ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, илмию фарҳангии мардуми тоҷик пайдо шудаанд ва моли адабиёти шифоҳӣ (фолклорӣ)-и мардуми тоҷик мебошанд. Дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон бо номҳои «Афандӣ», «Афсонаи Афандӣ», «Нақли Афандӣ», «Қиссаи Афандӣ», «Саргузашти Афандӣ», «Ҳикояи Афандӣ», «Шӯхиҳои Афандӣ» ва ғайра латифаҳо, ҳазлу мутоибаҳо, суханҳои ҷолиби базлаомез вуҷуд доштанд ва дар ҳар давру замон вобаста ба шароити нави иҷтимоию сиёсӣ ба мазмуну мундариҷа ва шакли нав ба миён меомаданд ва меоянд.

Азбаски Афандии латифаҳои мардумӣ бо гуфтору рафтори зоҳиран содалавҳонаи худ нақсу камбудҳои ҷамъиятро фош мекарданд, калимаи афандӣ дар забони тоҷикӣ баъзан маънои гӯлу содалавҳро низ гирифтааст.

Адабиёт

  • Маҳдиев С. Проблемаи жанри латифа. Душанбе, 1977;
  • Куллиёти фолклори тоҷик. Ҷ. 2, кит. 2. Душанбе, 2007.

Сарчашма