Баҳлул
Шаҳрвандӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 749 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 807 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | қозӣ, воиз |
Ҳомӣ | Мусои Козим |
Баҳлул (ар. بهلول — гӯл, нодон, лода, масхарабоз) — қаҳрамони латифаҳо, ҳикояҳо, афсонаҳои халқии арабӣ ва форс-тоҷик.
Дар осори арабӣ бо номи Далқаки дарбори Ҳорунаррашид маъруф аст. Шахси воқеӣ, таърихӣ будааст, ки номаш дар осори таърихию адабӣ, аз ҷумла осори Ибни Арабӣ, «Таърихи гузида» ва ғайра вомехӯрад. Ӯро писари олими маъруфи садаи VIII Умари Куфӣ ё амакбачаи халифа Ҳорунаррашид гуфтаанд ва ишораҳо кардаанд, ки то соли 848 барҳаёт будааст. Шахсе будааст қаноатпеша, зулмситез, муборизи роҳи адолат, норозӣ аз сиёсати иҷтимоию сиёсати ҳукмронони давр ва аз бидъату хурофот. Азбаски барои изҳору ибрози ақидаҳояш, дашном додани аъёну ашроф метавонист ҷазо бибинад, вай худро гӯлу нодон нишон медод, худро ба девонагӣ мезад ва аз ҷазо раҳоӣ меёфт.
Бо ҳамин хислату сифатҳо гоҳ чун Баҳлули доно, гоҳ Баҳлули нодон дар бораи ӯ мардум латифаву ҳикоятҳо бофтанд ва баъдан ин бофтаҳои халқӣ ба адабиёти хаттӣ гузаштанд. Бо номи Баҳлул ҳикоёту латифаҳо дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноӣ, «Мусибатнома», «Асрорнома»-и Фаридуддини Аттор, «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Авфӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайра ба назар мерасанд. Мувофиқи маводди фолклории бадастомада дар байни мардуми тоҷикзабони Осиёи Марказӣ латифаҳову ҳикоёт дар бораи Баҳлул мавҷуданд. Баҳлул инчунин дар байни мардуми Курдистон ва Эрон машҳур аст. Дар Эрон ҳафтаномаи танзии «Баҳлул» нашр мешавад; маҷмӯаҳое бо номҳои «Баҳлул: оқили девонанамо» (1343 ҳиҷрии шамсӣ), «Баҳлули оқил» (1372 ҳиҷрии шамсӣ), «Латифаву ҳикоёти ширини Баҳлули оқил» (1372 ҳиҷрии шамсӣ), «Қиссаҳои Баҳлул» (1376 ҳиҷрии шамсӣ) ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар байни тоҷикон низ номи Баҳлул дар афсона, латифа ва ҳикоятҳо зиёд ба назар мерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳлул / Р. Раҳмонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.