Афзалшоҳ Шодиев
Зоҳир
(Тағйири масир аз Афзалшоҳи Шодӣ)
Афзалшоҳ Шодиев | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 2 июн 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | Панҷрӯд, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон |
Афзалшоҳ Шодиев — (2 июни соли 1962, Панҷрӯд, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон) яке аз овозхонҳои Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев
Аз эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афзалшоҳ Шодиев - Дили модар Бойгонӣ шудааст 13 августи 2017 сол.
- Афзалшоҳ Шодиев - Самарқанду Бухоро (2014) Бойгонӣ шудааст 12 августи 2017 сол.
- Афзалшоҳ Шодиев - Душанбе Бойгонӣ шудааст 13 августи 2017 сол.
Дили модар
[вироиш | вироиши манбаъ]- Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд
- Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
- Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
- Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
- Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
- Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
- Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
- Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман
- Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
- Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
- Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
- Ба келин пешкаш кардам,
- Дуо чун модарон кардам.
- Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
- Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
- Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
- Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |