Афзалшоҳ Шодиев
Jump to navigation
Jump to search
Афзалшоҳ Шодиев | |
---|---|
Афзалшоҳ Шодиев | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1960 |
Зодгоҳ | Панҷакент |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Афзалшоҳ Шодиев — яке аз овозхонҳои Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев
Аз эҷодиёт[вироиш]
Дили модар[вироиш]
- Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд
- Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
- Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
- Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
- Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
- Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
- Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
- Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман
- Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
- Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
- Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
- Ба келин пешкаш кардам,
- Дуо чун модарон кардам.
- Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
- Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
- Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
- Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Пайвандҳо[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Гурӯҳҳо:
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Панҷакент
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Овозхонҳои тоҷик
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо