Jump to content

Аҳдномаи зидди коминтерн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳдномаи зидди коминтерн

Японский посол в нацистской Германии виконт Кинтомо Мусякодзи и министр иностранных дел нацистской Германии Иоахим фон Риббентроп ставят подписи на «Антикоминтерновском пакте»
Дата подготовки 23 октябр 1936
Дата подписания 25 ноябр 1936
— место Берлин,  Олмони Натсистӣ
Стороны  Олмони Натсистӣ
 Империяи Ҷопон

 Италия
 Венгрия
 Манчукуо
 Испания


 Финляндия
 Руминия
 Булғористон
Китайская республика — режим Ван Цзинвэя
 Хорватия
 Дания(оккупационное правительство)
 Словакия
 Салвадор
 Туркия (наблюдатель)

«Аҳдномáи зи́дди коминтерн» (олмонӣ: Antikominternpakt, ҷопонӣ: 日独防共協定) — аҳдномае, ки 25 ноябри 1936 байни Олмон ва Ҷопон ба имзо расидааст, мақсадаш — мубориза бар зидди коминтерн.

Моддаҳои аҳднома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдномаи зидди коминтерн аз се модда ва «протокол» таркиб ёфта буд. Дар моддаи 1 омадааст, ки тарафҳо якдигарро дар бораи фаъолияти Интернатсионали коммунистӣ огоҳ намуда, дар пайвастагӣ ва ҳамкориҳо ба муқобили он муборизаи қатъӣ мебаранд. Дар моддаи 2 тарафҳо уҳдадор шудаанд, ки давлатҳои дигари манфиатдорро барои муборизаи якҷояи зидди Интернатсионали коммунистӣ даъват намуда, бо онҳо ҳамкории бевосита ва доимӣ дошта бошанд. Ин гуна давлатҳо метавонанд ба Аҳдномаи зидди коминтерн ҳамроҳ гарданд ва ё дар радифи моҳият ва мазмуни он бар зидди коммунизм ва хатари он мубориза баранд. Моддаи 3 муҳлати амали Аҳдномаи зидди коминтернро 5 сол муқаррар намуда буд. Аҳдномаро Риббентроп ва Кинтомо Мусякодзи бо имзои худ ҳукми расмӣ бахшида буданд.

Дар «протокол» дар баробари ҳамдигарро воқиф намудан аз амалҳои Интернатсионали коммунистӣ ҳимоя аз фаъолияти онро ба таври махсус таъкид менамуданд. Талаб карда мешуд, ки ба муқобили касоне ва нерӯҳое, ки ба манфиати Коминтерн амал менамоянд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд, чораҳои қатъӣ дида шавад. Комиссияе таъсис дода мешуд, ки асосан мубориза бар зидди Коминтернро роҳбарӣ менамуд.

Давлатҳои гуногун, ки хусусиятҳои фашизмро то андозае дар фаъолияти хеш ифода менамуданд, ба аҳдномаи мазкур ҳамроҳ гардиданд. Аҳдномаи зидди коминтерн соли 1939—1940 ба иттифоқи Олмон, Итолиё ва Ҷопон табдил ёфт. 6 ноябри 1937 Итолиё, 24 феврали 1939 Венгрия, 27 марти 1939 Испания. 25 ноябри 1941 аҳдномаро ба муҳлати 5 соли дигар дароз намуданд ва ба он Булғория, Финландия, Руминия, Дания, Словакия, Хорватия, Нанкин ҳамроҳ гардиданд. Барои Аҳдномаи зидди коминтерн мубориза ба муқобили коминтерн маънии мубориза алайҳи ИҶШС ва мамлакатҳои пайрави онро дошт. Ҳодисаҳое, ки баъди имзои аҳднома ба амал омаданд, ҳадафҳои асосии бунёдгароёни онро собит намуданд. Итолиё ва Олмон ҳамраъйии худро нисбат ба сиёсати Ҷопон дар Шарқи Наздик иброз доштанд. Ҷопон аннексияи Эфиопияро табрик кард. Ба таври расмӣ Олмон ва Итолиё ҳукумати нави Манчжурияро, ки Ҷопон таъсис дода буд, эътироф намуданд. Сипас, амалҳои таҷовузкорона пайи ҳам ба вуқӯъ пайвастанд.

  • Фостер У. З. История трёх интернационалов. М., 1959;
  • Ком­мунистический Интернационал. Краткий исторический очерк. М., 1969;
  • Лейбзон Б. М., Шириня К. К. Поворот в политике Коминтерна. Историческое значение VII конгресса Коминтерна. М., 1975;
  • Ко­мин­терн против фашизма. Документы. М., 1999;
  • Пономарев М. В., Смирнова С. Ю. Новая и новейшая история стран Европы и Аме­рики. Т. 3. М., 2000;
  • Маккензи Кермит. Коминтерн и мировая революция. 1919—1943 / Пер. с англ. Г. Г. Петровой. М., 2008;
  • Ватлин А. Ю. Коминтерн: Идеи, решения, судьбы. М., 2009.