Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Аҳтам Абдуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳтам Абдуллозода
Абдуллозода Аҳтам Рустам
Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
18 ноябри 2020 — 21 январи 2025
Ҷонишин Шералӣ Мирзо
24 январи 2020 — 18 ноябри 2020
12 июни 2014 — 24 январи 2020

Таваллуд 31 октябр 1980(1980-10-31) (44 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Абдуллоев Аҳтам Рустамович
Таҳсилот Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Касб ҳуқуқдон
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста»
Хидмати сарбозӣ
Рутба генерал-майор

Аҳтам Абдуллозода (Абдуллозода Аҳтам Рустам; 31 октябри 1980, деҳаи Андароб, ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб) — корманди давлатӣ, Сардори Хадамоти иҷрои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Кумитаи иҷроии Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳтам Абдуллозода 31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2002 аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси коршиноси ҳуқуқи байнулмилалӣ хатм кардааст.

Аҳтам Абдуллозода ҳамсар ва 3 фарзанд дорад.

Солҳои 2002—2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии «Иқлим» ва мушовири ҳуқуқии ҶДММ «Юнитекс» фаъолият намудаст. Соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2014—2017 раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2017 то 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]

Аз 24 январи соли 2020 то 18 ноябри 2020 муовини аввали Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, аз 18 ноябри 2020 то 20 январи соли 2025 Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва 21 январи соли 2025 Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рутбаи ҳарбии генерал-майор дошта, бо медалҳои ҷашнии «80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа», «85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон», «15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» ва «20 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 солагии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Ҷоизаву унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2016, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (аз 2014 то 2020), муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 январи 2017 то 28 декабри 2021) ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.[2]

Корҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи китобҳои "Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ (зери таҳрири Бобоев У. Х.). Душанбе (2011. 362с. Дар ҳаммуаллифӣ); Пешвои миллат бо ҷавонон (Душанбе 24.12.2018); Концессионные договоры. Перспективы и развитие.[3]

  1. Sputnik Тоҷикистон. Муовини аввали Озода Раҳмон: подполковник Аҳтам Абдуллозода кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20200127T1832+0500). 22 феврали 2024 санҷида шуд.
  2. Тарҷумаи ҳоли Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ. Сомонаи расмии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Китобҳои чопшудаи муаллиф Аҳтам Абдуллозода. Сомонаи расмии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ.