Баббит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баббит — хӯлаҳои антифриксионии дар асоси қалъагӣ ё сурб тайёршуда. Баъзе навъҳои баббит сурма, мис, никел, маргимуш, кадмий, теллур, калсий, натрий, магний ва ғ. доранд. Баббитро соли 1839 И. Баббит (ИМА) ихтироъ кардааст. Бештар се навъи хӯлаҳо маъмуланд (90 % қалъагӣ ва 10 % мис; 9 % қалъагӣ, 7 % сурма ва 4 % мис; 80 % сурб, 15 % сурма ва 5 % қалъагӣ). Баббити асосаш қалъагиро барои сох­тани хӯлаҳои антифриксионии нисбатан нарм ва коэфффитсенти соишашон хурд ба кор мебаранд. Чунин баббит нисбат ба баббити сурбдор ба зангзанӣ ва фарсудашавӣ устувор буда, гармигузаронии хуб дорад. Баббитҳои сурбӣ ҳарор. кории нисбатан баланд дошта, барои рехтани подшипникҳои муҳаррикҳои дизелӣ ва дастгоҳҳои навардӣ истифода мешаванд. Ҳарорати гудозиши баббит паст (300—440 °С) ва коркарди он осон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]