Jump to content

Бадеъи Устурлобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадеъи Устурлобӣ
ар. البديع الأسطرلابي
Таърихи таваллуд номаълум
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1139
Маҳалли даргузашт

Бадеъи Устурлобӣ (форсӣ: بدیع اسطرلابی‎, Бадеуззамон Абулқосим Ҳиббатуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Аҳмад (ё Юсуф)-и Бағдодӣ; ? — 1140, Бағдод) — мунаҷҷим, ихтироъгари устурлоб ва созандаи дигар афзорҳои нуҷумӣ, шоир, риёзидон ва файласуфи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба сабаби маҳорати баланд дар сохтани устурлоб доштанаш ба Устурлобӣ шуҳрат ёфт. Дар сарчашмаҳо Бадеъи Устурлобӣ-ро ҳаким, табиб ва огоҳ аз илми калому тилисмот хонда, аз аҳли Исфаҳон донистаанд, ки ба Бағдод рафта, то поёни умр дар он ҷо зистааст. Бадеъи Устурлобӣ соли 1140 бар асари бемории фалаҷ вафот карда, дар мақбараи «ал-Вардия» дар шарқи Бағдод дафн шудааст.

Бадеъи Устурлобӣ дар замони ҳукмронии султон Маҳмуди Салҷуқӣ (1118-31) сарварии расадхонаи Бағдодро (1130) ба уҳда дошт. Ӯ дар сохтани афзорҳои нуҷумию расадӣ чун навъҳои устурлоб, паргор ва хаткаш устод буда, дар ин ҷода аз қонуну далелҳои ҳандасӣ истифода мекард. Дар рӯзгори хилофати Мустаршиди Аббосӣ (1118-35) ба воситаи сохтани афзорҳои нуҷумӣ ва тилисмот сарвати бисёре андӯхтааст. Бадеъи Устурлобӣ шарҳе бар «Рисола фӣ олот-иш-шомила»-и Абумаҳмуди Хуҷандӣ навишта, афзори нуҷумии (судс, иртифоъёб) сохтаи ӯро, ки ба як арзи ҷуғрофӣ (33º, арзи Бағдод) мутобиқ буд, такмил дод ва онро барои ҳисоби арзҳои гуногун фаъол намуд. Аз рӯйи баъзе маълумот яке аз чунин афзорҳоро Бадеъи Устурлобӣ ба назди Умари Хайём (1048—1131) бурдааст.

Ба ақидаи олимон асбоби геодезии муосир — теодолит шакли такмилёфтаи афзори сохтаи Бадеъи Устурлобӣ аст. Як адад аз ин афзор дар расадхонаи Улуғбек (1394—1449) мавҷуд буда, ҳам кори устурлоб ва ҳам кори рубъро анҷом медодааст. Бадеъи Устурлобӣ дар асоси «Китобу-з-зиҷи-с-сафоеҳ»-и Абуҷаъфари Хозинӣ (930—971) устурлобҳо сохтааст. Яке аз устурлобҳои сохтаи Бадеъи Устурлобӣ дар музейи Донишгоҳи Йел (Коннектикут, ИМА) маҳфуз аст, ки дар курсичаи он номи ӯ, таърихи сохта шудани он (513 ҳ. қ. / 1119 м.) ва рақами тартибии афзор (№ 514) ҳаккокӣ шудааст. Бадеъи Устурлобӣ инчунин афзори нуҷумии ба ном «Ал-кура зоту-л-курсӣ»-ро ислоҳ ва такмил дода, дар бораи он рисола тасниф намудааст. Ин афзор ба шакли гӯй ё устурлоби куравӣ сохта шудааст. Бадеъи Устурлобӣ инчунин мақолае дар бораи навъи афзори тилисмӣ («найзани худкор») таълиф кардааст, ки Бадеуззамони Ҷазарӣ дар асари «Ал-ҷомеъ байн-ал-илми ва-л-амали-н-нофеи фӣ синоати-л-ҳиял» ба он ишора намуда, ҳамчун «олати машҳур» ёд кардааст.

Бисёр сурудаҳои Бадеъи Устурлобӣ мояҳои танзу латифа дошта, мунаҷҷимону пизишконро ҳаҷв мекунад. Ӯ бисёре аз машоҳири муосири худ, ҳамчун Ибни Талмиз, Абулбаракоти Бағдодӣ ва ғ-ро ҳаҷв кардааст. Ёқути Ҳамавӣ шеърҳои Бадеъи Устурлобӣ-ро «ноб» ва «олӣ» васф карда, адиби номдор Абумуҳаммад ибни Хашшоб ва Ибни Халликон аз ашъори ӯ намунаҳо овардаанд.

Аз Бадеъи Устурлобӣ осори зерин боқӣ мондааст:

  • «Ал-муаррабу-л-маҳмуд фӣ-з-зиҷ» ё «Зиҷи Маҳмудӣ», ки ба Маҳмуди Салҷуқӣ бахшида шудааст.
  • «Рисола дар бораи корбурди устурлоби куравӣ»
  • «Рисолатун фӣ-л-курати зоти-л-курсӣ»
  • «Девони Устурлобӣ» ё «Девони Бадеъ»
  • «Дуррату-т-тоҷ мин шеъри Ибни-л-Ҳаҷҷоҷ»

Нусхае аз «Дуррату-т-тоҷ»-и Бадеъи Устурлобӣ ба хатти ибни Хашшоб (таърихи китобат 1163/64 м.) дар Китобхонаи миллии Париж нигаҳдорӣ мешавад, ки аз 120 боб иборат аст.