Базморой
Унсури холии Викидода |
«Базморой» (ар. بزم آرای) — тазкираи адиби форсизабони Ҳиндустон Саййидалӣ ибни Маҳмуди Ҳусайнист, ки таълифаш соли 1591—1592 ба итмом расидааст. Муаллиф асарашро ба Абдурраҳими Хони Хонон ибни Байрамхон — яке аз ашхоси бонуфузи дарбори ҳокими Ҳиндустон Акбар бахшидааст.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]«Базморой» аз муқаддима, ҳафт фасл ва хотима иборат аст. Дар муқаддима, дар силсилаи масоили гуногуни марбути тазкирааш, муаллиф аз «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ва «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ ёд карда, онҳоро маъхази асари худ шумурдааст.
Дар фаслҳои 1-4 оид ба ҳусни шеър, маънии он, оғози шеър ва нахустин шоири форсигӯй сухан меравад. Дар фасли 5-ум шарҳи ҳоли подшоҳонуҳокимон, аз замони Сосониён то давраи Салҷуқиён, ки табъи шоирӣ доштанд ё шеъре гуфтаанд, оварда шудааст. Дар фасли 6-ум вазирону шайхон ва диг. бузургоне, ки табъи шоирӣ доштанд, зикр гардидаанд. Фасли 7-ум бузургтарин ва муҳимтарин бахши «Базморой» буда, шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоиронро дар бар мегирад. Дар ин фасл аз Шаҳиди Балхӣ, Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигар саромадони назми форс-тоҷик то ба Қосими Гунободӣ сухан меравад. Дар хотимаи «Базморой» муаллиф шарҳи ҳолу намунаи осори султонҳову умаро ва фозилону шоирони замони Акбарро овардааст, ки бо аксари онҳо шиносоӣ дошт. Муаллиф ба «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ишорае накарда бошад ҳам, аён аст, ки аксари маводду маълумотро оид ба шоирон аз ҳамин тазкира гирифтааст. Сабки нигориш ва сохтори «Базморой» аз бисёр ҷиҳатҳо ба «Лубобу-л-албоб» монанд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Базморой / А. Алимардонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 264. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.