Базофилия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Базофилия (аз юн.-қад. βάσις асос ва φιλία — дӯстӣ, ишқ, майл) — қобилияти бо рангҳои асосӣ (пиронин, метилени кабуд, азур ва ғ.) рангнок шудани ҳуҷайра.

Базофилия аз қисмҳои таркибии кислотагие, ки дар ҳуҷайра мавҷуданд, масалан, аз кислотаи рибонуклеат (КРН), вобаста мебошад. Хусусан ҳуҷайраҳое, ки сафедаҳоро синтез мекунанд ва КРН-и бисёр доранд (мас., ҳуҷайраҳои ҷанин, омос, хунофар, бофтаҳои таҷдидӣ, ғадуди зери меъда, ҷигар ва ғ.), қобилияти баланди базофилия зоҳир менамоянд. Мутобиқи тағйири базофилия оид ба суръати синтези сафеда дар ҳуҷайра мулоҳиза рондан мумкин аст. Нишондиҳандаи дақиқи раванди мазкур бо усулҳои авторадиографӣ ва ситофотометрӣ муайян карда мешавад. Базофилияи махсус ё атсидофилияи сохти ҳуҷайравӣ барои фарқ кардани ҳуҷайраҳои хун, таҳлили ҳуҷайраҳои қисми пеши ҳипофиз, бофтаи ҷазирачаи ғадуди зери меъда ва ғайра истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Шаблон:Chemistry-stub