Бам (тори сози мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бам (Тори Бам) - 1) тори сози мусиқӣ, ки садои пасти ғафс дорад. Тори мазкур одатан дар барбат (уд), рубоби бадахшонӣ, танбӯр, баландмақом ва рубоби афғонӣ истифода мешавад. Он нисбат ба дигар торҳо (мусанно, мусаллас, зер ва ҳод) ғафстар аст. Бам аз рӯдаи ҳайвонот (маъмулан гӯсфанд) сохта шуда, ҳангоми навохтан садои ғафси дурушт мебарорад. То аҳди Сомониён торҳои Бам аз 4 қабат рӯда тофта шуда, ранги сиёҳ дошт. Тори Бам аз 64 тори абрешим низ тофта мешуд. Таносуби ғафсии торҳои барбат 4:3:2:1 буд. Мусиқишиносони қадим хусусияти табиии садои ин торро ба яке аз чор унсури табиат – хок нисбат додаанд, ки таъсири он дурушти хушк ва ё дурушти тар аст. Ҳоло ин навъи торро аз пулоди асил тариқи ба тори рост печидани (пружинавор) тори дигари мисӣ ё пулодӣ месозанд ва дар гитараҳои гуногуннавъ истифода мешавад;

Бам инчцнин, 2) дар мусиқии классикии форс-тоҷик одатан овози пасти ғафсро ифода мекунад. Дар мусиқии бисёровозаи имрӯзаи тоҷик ба овози бас мувофиқат дорад.

Адабиёт[вироиш]

  • Дониномаи Сомониён, ҷ. 1. - Хуҷанд., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом. - Душанбе, 2009.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.