Барои адабиёти сотсиалистӣ
«Барои адабиёти сотсиалистӣ» («БАС») — маҷаллаи ҳармоҳаи адабии нависандагони Тоҷикистон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷалла аз августи 1935 то октябри 1937 дар заминаи маҷаллаи «Раҳбари дониш» (1927-1932) нашр шудааст. Аз соли 1938 «Шарқи сурх» ном гирифт. Нашри «Барои адабиёти сотсиалистӣ» мувофиқи қарори КМ ВКП (б) аз 23 апрели соли 1932 «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» ба роҳ монда шуда буд. Дар шумораи 1-уми «Барои адабиёти сотсиалистӣ» қарори зикршуда, манзумаи Пайрав Сулаймонӣ «Ба миллитаристони Япония», мақолаи Ғанӣ Абдулло «Барои танқиди болшевикона» ва шеъру мақолаҳои дигар адибони тоҷик ба табъ расиданд. Соли 1934 ба муносибати ҳазораи Ҳаким Фирдавсӣ дар «Барои адабиёти сотсиалистӣ» мақолаҳои пурмӯҳтавои Садриддин Айнӣ («Фирдавсӣ ва „Шоҳнома“-и ӯ»), Бектош («Абдулқосими Фирдавсӣ»), Фитрат («Фирдавсӣ») чоп шуданд. «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чун минбари боэътимоди адибони Тоҷикистон барои пешрафти адабиёти шӯравии тоҷик, муттаҳид гардидани адибон, шиносонидани адибони маъруфи дунё ба хонандаи тоҷик ва ғ. хидмати арзандаеро ба ҷо овард. Ба ҳайати таҳририяи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» А. Лоҳутӣ (сармуҳаррир), С. Айнӣ, С. Улуғзода, Б. Азизӣ, Р. Абдулло ва диг. шомил буданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Усмонов И., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. Д., 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барои адабиёти сотсиалистӣ / П. Гулмуродзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.