Jump to content

Барсисо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барсисо

Барсисо (ар. برصيص‎) — зоҳид ва обиди нимафсонавӣ; дар ривоятҳои шарқӣ — роҳибе аз банӣ Исроил, ки пас аз рӯзгори дарози риёзати зоҳидона фирефтаи васвасаи иғвогаронаи Иблис гашта, даст ба гуноҳи бузург зада, саранҷом кофир шуд ва ба лаънати Худованд гирифтор омад.

Шахсияти аслии қаҳрамони ин афсона номаълум буда, аз охири садаи X ба ӯ номи Барсисо гузошта шудааст. Заминаи пайдоиши ин афсона қиссаҳо дар бораи яке аз нахустин зоҳидон ва роҳибони масеҳӣ дар Миср Антоний (251—356) дониста мешавад, ки солҳои дарозро дар биёбону ғорҳо ба ибодат гузаронида, зиндагиаш саросар пайкор бо Иблис ва васвасаҳои ӯ будааст. Бархе достони Барсисо-ро қиссаи ибрӣ медонанд, ки баъдҳо ба адабиёти араб ва форс-тоҷик ворид гаштааст. Нахустин муаллифе, ки номи Барсисо-ро зикр кардааст, Абулайси Самарқандӣ дар «Танбеҳу-л-ғофилин» мебошад. Пас аз ӯ ин достони Барсисоро Байҳақӣ дар «Шуабу-л-имон», Ғазолӣ дар «Мукошафату-л-қулуб», Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси Иблис», Қазвинӣ дар «Аҷоибу-л-махлуқот» ва диг. нақл кардаанд. Достони роҳиби гумроҳгашта дар тафсирҳои шайх Тусӣ, Табарӣ, Бағавӣ, Майбудӣ, Абулфутӯҳи Розӣ, Хозин, Ибни Касир ва диг. дар зайли оятҳои 16 ва 17 сураи Ҳашр ба суратҳои мухталиф оварда шудааст. Ибни Батута дар «Сафарнома»-и худ ба қасри Барсисо-и обид воқеъ дар байни Тароблус ва Искандария ишора кардааст.

Тибқи ривоятҳо, Барсисо муддати тӯлонӣ (60 ё 70 ё 300 сол) дар савмаае дур аз халқ мезист ва ба тоату ибодати Худованд машғул буд ва ба ҳамин сабаб ба мақоме расид, ки дуояш мустаҷоб мегардид. Дар мартабаи истидроҷ ба ҷое расид, ки чун боло менигарист, Аршро медид ва чун поин менигарист Сароро. Иблис солҳо дар пайи фирефтани ӯ буд, аммо силоҳи васвасааш дар ҷавшани Барсисо асар намекард.

Достони Барсисо бо достони асри миёнагии Кристофор Марло (ваф.1593) «Зиндагӣ ва марги доктор Фауст», ки минбаъд тавассути Ҳёте мавзӯи як трагедия қарор гирифт, ҳам шабоҳат ва ҳам тафовутҳои қобили мулоҳиза дорад. Доктор Фауст низ бо таслим дар баробари васвоси шайтонӣ ронда ва малъун мегардад. Дар ин ҷо ҳам сухан аз ишқест, ки саранҷом қаҳрамони достонро ба доми гуноҳ меафканад.

Дар осори асримиёнагӣ саргузашти Барсисо ба сарнавишти шуми Балъами Боур ва Шайтон монанд қаламдод мегардад. Аз достонҳои машҳур дар адабиёти ирфонии исломӣ, ки ба достони Барсисо шабоҳат дорад, «Шайхи Санъон» аст, ки онро Аттор дар «Мантиқу-т-тайр» ба назм кашидааст. Аммо бар хилофи достони Барсисо, ки ба бадбахтии абадӣ меанҷомад, дар ин достон бо вуҷуди васвасаҳои Шайтон ва ишқи духтари тарсо, саранҷом раҳмати илоҳӣ шайхро дарёфта, ӯро ба тавба моил месозад.

  • Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Ньюби Г. Краткая энциклопедия ислама. М., 2007;
  • اشتهاردى. محمد محمدى.قصه های قرآن به قلم روان. قم، ۱۳۸۳هـ.ش؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۱. تهران، ۱۳۸۵هـ. ش.