Jump to content

Бахтиёри Абдураҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахтиёри Абдураҳим
Бахтиёри Абдураҳим
Таърихи таваллуд 3 июн 1983(1983-06-03) (41 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Рӯдакӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бахтиёри Абдураҳим (тав. 03.06.1983, д. Бурёбофи н. Рӯдакӣ) — рӯзноманигор ва адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2019).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахтиёри Абдураҳим солҳои 2000–2005 дар факултети аҳкоми шариати ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа ва с.2001–2006 дар факултети рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Дар замони донишҷӯӣ (2003) ҳафтаномае бо номи «Сабз дар сабз» таъсис дода, сармуҳарририи онро ба уҳда дошт. Солҳои 2006–2008 котиби масъул ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Радиф-инфо», с.2008–2010 муҳаррири шуъбаи мактабҳои олӣ ва котиби масъули нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Омӯзгор», с.2010 -2018 ҳамчун сардори шуъбаи табъу нашри ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дошт. Ҳамзамон, аз соли 2009 мутахассиси ҳамкори Маркази таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мақолаҳои проблемавию таҳлилияш мунтазам дар матбуоти даврии кишвар интишор меёбанд. Фаъолияти пурсамараш бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2010) қадрдонӣ гардидааст.


Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ