Бақӣ ибни Махлад
Бақӣ ибни Махлад | |
---|---|
араб. ар. بقي بن مخلد | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | олим |
Таърихи таваллуд: | майи 817 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 27 октябр 889 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Устодон: | Аҳмад ибни Ҳанбал |
Вироиши Викидода |
Абуабдураҳмон Бақӣ ибни Маҳлади Қуртубӣ (ар. أبو عبد الرحمن بقي بن مخلد القرطبي; майи 817, Қуртуба, Андалусия — 27 октябр 889, Қуртуба, Андалусия) — муҳаддис ва муфассири машҳури андалусӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳсилоти ибтидоиро дар маҳфили муҳаддисони Андалус оғоз карда, сипас роҳии сарзаминҳои дигари шим. Африқо, Миср, Ҳарамайн, Димишқ ва шаҳрҳои Ироқ гардид. Бақӣ ибни Махлад бо тӯшаи пурборе аз ҳадису фиқҳ ба Андалус баргашта, ҳамроҳи дӯсташ Муҳаммад ибни Ваззоҳ он сарзаминро пойгоҳе барои нашри ҳадис гардонид. Ибни Ҳазм ӯро дар заминаи ривояти ҳадис ҳампойи Имом Бухорӣ арзёбӣ кардааст. Бақӣ ибни Махлад тафсире дошт, ки ба гуфтаи Ибни Ҳазм аз «Тафсири Табарӣ» бартар буда, ҳамчунин, муснаде таълиф намудааст, ки аҳодис дар он дар зайли номи саҳобагон ва ба тартиби мавзӯъу ҳуруфи алифбоӣ танзим ёфта будаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бақӣ ибни Махлад / А. Боқизода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- دانشنامۀ جهان اسلام. ج۳. تهران،۲۰۰۴؛
- خیرالدین زرکلی. الاعلام. بیروت، ۲۰۰۵؛
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶؛