Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Баҳман (гул)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳман (гул)
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Баҳман (форсӣ: بهمن), гули баҳман, бойчечак, гули ях, гули қосид, ҳасратгул (лот. Crocus korolkowii) — як навъ гули худрӯи аввали баҳор; гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех, мансуби савасаниҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргаш (5-15-то) борики нӯгтез (дарозиаш то 25-27 см, бараш 1-2 мм), сабзи кушод, рахҳои сафед дорад. Гулаш (дар ҳар бех 1-5-то) қифшакли зард, зарди норанҷӣ ё бунафштоб (фақат рӯзҳои офтоб мешукуфад). Ғӯзааш дарозрӯя (3 см), сертухм; тухмаш гирдаи қаҳваранг.

Баҳман, одатан, дар нишеби кӯҳҳо, талу теппа, алафзори ҷангали гармсер ва паҳнбарг, арчазор (қатор кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон; дар баландиҳои 800—2000 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Баҳманро аз кӯчат, пиёзак ва тухмаш месабзонанд. Баҳмани дар тирамоҳ кошташуда баҳор сабзида, соли 3-4-ум (охири январи ё аввали феврал) гул мекунад. Дар водиҳои Тоҷикистон баҳман баъзан декабр ё аввали январи, дар кӯҳҳо апрел-май (дар баландии 2000 м аз с. б. — июн) мешукуфад. Баҳман гули маъмулу писандидаи тоҷикон аст. Онро рамзи навбаҳору айёми киштукор медонанд. Баҳманро якҷоя бо гули наврӯзию сиёҳгӯш ё гурӯҳ-гурӯҳ (100-200-тоӣ) коштан беҳтар аст.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳман гиёҳи доруист. Табибони халқӣ гарди гули онро давои зардпарвин, нақси дилу меъдаву рӯда ва омили тақвиятбахши организм мешуморанд. Пиёзаки баҳман заҳрнок аст.

  • Флора Таджикской ССР. Т. 2. М.-Л., 1963;
  • Ҳоҷиматов М., Олимов М. Чаҳорбоғи гулҳо. Д., 1979.