Jump to content

Баҳор Иркаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳор Иркаев
Баҳор Нигматович Иркаев
Баҳор Иркаев
Баҳор Иркаев
Таърихи таваллуд 10 март 1951(1951-03-10)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 19 декабр 2023(2023-12-19) (72 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ астрофизика, информатика
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Хадамоти геодезия ва харитасозӣ назди Хукумати ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, лоиҳаи EdNet, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Баҳор Нигматович Иркаев — олим, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент. Узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ (2004)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳор Нигматович Иркаев 10 марти соли 1951 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модари ӯ доктори илмҳои таърих, профессор Назокат Гафурова дар макотиби олии Душанбе фаъолият мекарданд ва фарзандашонро ба роҳи илмомӯзӣ ҳидоят намудаанд. Ӯ соли 1968 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ба номи М. Ломоносов дохил шуд. Дар соли 1969 бинобар сабаби бемории падараш ба Душанбе баргашт ва дар факултаи Физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсилро давом дода соҳиби ихтисоси физика гардид. Иркаев Б. Н. аз соли 1973 то соли 1999 дар вазифаҳои гуногуни Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Охирин вазифаш: Директори расадхонаи байналмиллалии баландкуҳи Санглох. Дар соли 1984 рисолаи номзадиро дар Институти давлатии астрономӣ бо номи Штернберг назди Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) дифо намуда соҳиби унвони номзади илмҳои физикаю математика дар соҳаи астрофизика шудааст. Дар соли 1999 ба Хадамоти геодезия ва харитасозӣ назди Хукумати ҶТ ба вазифаи Мудири лабораторияи Геодинамикӣ гузоштааст ва дар он ҷо фаъолияти кории худ то апрели соли 2000 давом додааст. Дар моҳи апрели соли 2000 Б. Н. Иркаев ба вазифаи мудири Шуъбаи масоили об дар назди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ гузоштааст. Дар он ҷо Иркаев Б. Н. ташаббускори масоили танг шудани пиряхҳои Тоҷикистон бо истифодаи расмҳои кайҳонӣ бардоштааст. Бояд гуфт, ки Иркаев Б. Н. ҳамчунин тадқиқоти масоили рушди соҳаи ТИК мегузаронд ва барои давом додани ин тадқиқот Иркаев Б. Н. ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба вазифаи Сардори маркази компютерӣ мегузарад. Дар соли 2005 Иркаев Б. Н. ба лоиҳаи EdNet, ки зери сарпарастии ширкати Корана бо маблағгузории USAID дар Тоҷикистон дар вазифаи Сардори маркази компютерӣ қабул шудааст. Пас аз маҳкам шудани лоиҳаи байналмилалӣ, дар соли 2008 Иркаев Б. Н. ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба вазифаи муаллими калон кафедраи информатика ва усулҳои иттилоотӣ мегузарад. Дар моҳи январи соли 2011 Б. Н. Иркаев ба вазифаи Директори Технопарки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват мешавад. Бояд гуфт, ки ин якумин Технопарк буд, ки аз бақайдгирии давлатӣ гузошта буд бо гирифтани тамоми хуҷҷатҳои расмӣ. Дар соли 2012 Б. Н. Иркаев боз ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ даъват мешавад ба вазифаи муовини Сардори раёсати иттилоотию таҳрирӣ. Ӯ дар ин раёсат масоили бехатарии иттилоотӣ тадқиқот мекард ва бар илова фаъолияти сомонаи (бунгоҳи иттилотӣ — www.mts.tj) МТС таъмин мекард. Дар соли 2014 Баҳор Иркаев боз ба ДСРТ баргаштааст ва то ба имрӯз дар он ҷо ҳамчун, Директори Технопарки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаолият мекард.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳор Иркаев муаллифи 80 мақолаҳои илмӣ ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад. Фаолияти илмии Иркаев Б. Н. аз соли соли 1980 сар шудааст. Ӯ якумин мутахассис буд, ки дар телескопи 1-метраи расадхонаи Санглохи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон суратҳои галаситораҳо ва тӯдаҳои ситораҳоро кашф кардааст. Ҳамчунин Иркаев усули баланд бардоштани ҳиссиёти пластинкаҳои фотографӣ дар фазои ҳидроген ихтиро намуда ин усулро ба раванди мушоҳидаҳои одӣ ворид гардонд. Дар натиҷаи ин амал Иркаев Б.Н 48 ситораҳои тағирёбандаи нав аз галаситораи Андромеда (М31) ва 11 ситораҳои тағирёбандаи нав аз тӯдаи ситораҳои бо номи Плеяд кашф намудаст. Иркаев қариб 60 ситораҳои тағирёбандаи навро кашф намудаст, ки аз ин пасаз дастоварди олим Восидҷон Сотиволдиев (як ситораи навтарин бо зиёда аз 100 ситораҳои тағирёббандаи нав) дастоварди дуюме дар таърихи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар соли 1985 Иркаев дар экспедисияи умӯмии собиқ СССР бо иштироқи Институти атмосфера АИ СССР, Институти замин АИ СССР ва Хадамоти обуҳавосанҷии СССР иштирок кардааст. Дар натиҷаи кашфиёти ин экспедисия испод шуд, ки расадхонаи Санглох дар Тоҷикистон беҳтарин макон барои мушоҳидаи ситораҳо ва галаситораҳо дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад. Дар соли 1998 Иркаев ба Маркази кашфиёти астрофизика ва илми нуҷум дар Ҳиндустон (шаҳри Пуна) барои хондани силсилаи лексияҳо доир ба ситораҳои тағирёбанда ва гузарондани кашфиёт дар ин соҳа даъват шуда буд. Дар моҳи январ ва моҳи октябри соли 2000 ӯ ба Эрон барои гузарондани кашфиёт доир ба пайдо намудани ҷой барои расадхонаи миллии Эрон ба кор низ даъват шуда буд.

Баҳор Иркаев солҳои охир, дар соҳаи илми технологияҳои информатикаи компютерӣ низ саҳми хешро гузошта истодааст. Соли 2006 ӯ панҷ намуди дискҳои худомӯзӣ (Омӯзиш бо Windows XP, Омӯзиш бо Word XP, Омӯзиш бо Excel XP, Омӯзиш бо Access XP ва Ошноӣ бо компютер) ки ҳар яке аз ин дискҳо на кам аз 480 саҳифаи омӯзишӣ доир ба соҳаи илми компютер ба забони давлатӣ доштанд тахти сарпарастии ҶСК «Агроинвестбонк» ба фазои омӯзишии Тоҷикистон ворид намудааст. Дар соли 2010 китоби илмию оммавии «Мушкилкушои компютер» ва дар соли 2015 китоби омӯзишии методӣ "Практическая информатика (Информатикаи амалӣ) аз таб расонидааст. Дар соли 2012 Иркаев таи дархости махсуси Вазорати маориф ва илми ҶТ силсилаи дискҳои худомӯзӣ, ки дар боло номбар шуда буд барои макотиби Тоҷикистон омода намуда супоридааст. Аз соли 2014 ва ба то имрӯз Иркаев Б. Н. лоиҳаҳоро дар соҳаи ворид намудани технологияи дурмуоширатии (телекоммуникасионии) шакли Абрнокӣ (русӣ Облачные технологии) ба фазои омӯзишии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо истифодабарии шабакаҳои компютерии шакли теғӣ (Блейд сервер) гузаронда истодааст. Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон якчанд барномаҳои рушдӣ дар амал ворид гардидааст: тартиб додани синфхонаҳои шакли нав бо истифодабарии «мизоҷонҳои танг»; табдил додани торбанди бумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои идораи марказидонидашуда ва насб намудани дастгоҳҳои гуногуни бинои нави донишгоҳ. Бинобар ба амал даромадани ин лоиҳаҳо дар ДСРТ усули ҳуҷҷатнигории беқоғазӣ ворид мешавад, усули автоматикикунонидаи тартиб додани ҷадвали дарсҳо ва дигар усулҳои нав ба нав ҷорӣ шудааст. Аз соли 1991 то ба соли 2010 аъзои Райёсати ҷамъияти ЕвроОсиёии дар соҳаи илми нуҷум буд.[1]

  • Информационное общество, Интернет и информационные войны., Вестник Центра стратегических исследований при Президенте РТ. № 3(32). Душанбе, 2012, с. 20-32 (Ҳаммуаллифон: Сафаров С. С., Бобошоев М. С.)
  • Роль электронного Правительства в развитии демократического общества., Вестник Центра стратегических исследований при Президенте РТ. № 5(34). Душанбе, 2012, с.11-19 (Ҳаммуаллиф: Бобошоев М. С.)
  • Электронное правительство образовательного учреждения. Научно-практическая конф.- IT-технологии: современное состояние и перспективы развития. Душанбе, РТСУ, 2014, стр. 60 (Ҳаммуаллифон: Косымова М. Д., Умаров М. А.)
  • Использование методов программирования в процессе информационного обеспечения государственного регулирования и экономики. Научно-практическая конф.- IT-технологии: современное состояние и перспективы развития, Душанбе, РТСУ, 2014, с. 73 (Ҳаммуаллифон: Косымова М. Д., Умаров М. А.)
  • Основы создания электронного правительства., Сб. научных статей Региональной конференции «Состояние науки в республике». Душанбе, РТСУ, 2015, с. 146—152 (Ҳаммуаллиф: Умаров М. А.)
  • Практическая Информатика. Душанбе, РТСУ, 2015, 242 с.(Ҳаммуаллифон: Кабилов М. М., Маруфи М.)
  • Использование таджикского алфавита в современных компьютерных технологиях. Выст. на круглом столе РТСУ «Автоматизация лингвистических исследований в РТ», 16 дек. 2015 г. Перспективы развития фундаментальных и прикладных лингвистических исследований РТ. № 1(7). Душанбе, 2016, с. 5-8 (Ҳаммуаллиф: Бахтеев К. С.)

Адабиёт дар бораи Баҳор Иркаев

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — С. 240—245.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]