Баҳоуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳоуллоҳ
араб. форсӣ: میرزا حسینعلی نوری
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: حسین‌علی نوری
Касб, шуғл: паёмбар, Manifestation of God
Таърихи таваллуд: 12 ноябр 1817(1817-11-12)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 май 1892(1892-05-29)[1][2] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: баҳоия
Падар: Mírzá ʻAbbás Núrí[d]
Ҳамсар Ásíyih Khánum[d], Fatimih Khánum[d] ва Gawhar Khanum[d]
Фарзандон: ʻAbdu'l-Bahá[d], Bahiyyih Khánum[d], Mírzá Mihdí[d], Mírzá Muhammad `Alí[d], Díyá'u'lláh[d], Mirza Badi'u'llah Effendí[d] ва Furughiyyih[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Мирзо Ҳусайн Алии Нурӣ (форсӣ: میرزا حسینعلی نوری‎; Теҳрон, 12 ноябри 181729 майи 1892, Аккои Фаластин) — поягузори ҷараёни баҳоия, мулаққаб ба Баҳоуллоҳ (ар. بهاء الله‎).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аз ҳамон ибтидо даъвати Бобро қабул кард ва дере нагузашта яке аз тавонотарин ривоҷдиҳандагони он шинохта шуд. Соли 1852 баъд аз эъдоми Боб, Содиқ ном ҷавоне аз бобиён ба хотири хунбаҳо аз мавлои худ ба шоҳ сӯиқасд намуд. Шоҳ осеби сатҳие бардошт, вале он ҷавон дар маҳалли сӯиқасд ба қатл расонда шуд. Ба дунболи ин сӯиқасди нофарҷом шоҳ дастури куштор ва ҳабси бобиёнро содир кард, ки бар асоси он шуморе аз бобиён кушта ва теъдоде зиндонӣ гардиданд. Ӯ бо иддае аз бобиён муддати чаҳор моҳ дар зиндони Сиёҳчоли Теҳрон ба сар бурд. Россияи подшоҳӣ ба ин масъала дахолат намуда, аз тариқи сафираш дар Теҳрон ба бегуноҳӣ ва даст надоштани ӯ дар тарҳи сӯиқасд шаҳодат дод ва маротиби нигаронии мақомоти Россияро дар сарнавишти Б. ва диг. баҳоиён ба ҷониби эронӣ расонд. Ҳукумати Эрон, ки таҳти фишори Россия қарор гирифта буд, ноилоҷ ҳукми қатлро ба табъиди ӯ ба Бағдод иваз намуд. Иқдомҳои дигаре низ аз тарафи сафорати Россия анҷом дода шуданд, вале Б. ба муддати даҳ сол дар Ироқ, ки дар он рӯзгор ҷузъе аз қаламрави империяи Усмонӣ ба шумор мерафт, ба интишори ақоиди худ машғул шуд. Вақте хатари ӯ нисбат ба дини ислом дар мавзеъгириҳои Б. ба мушоҳида расид ва хатароти сиёсӣ нисбат ба низоми ҳоким афзоиш ёфт, Эрон аз давлати Усмонӣ хост, ки ба ин масъала расидагӣ намоянд. Усмониҳо низ бо эҳсоси хатар аз ақоиди мунҳадимсозанда ва хатарофарини ин ҷараён Б.-ро бо пайравонаш ба Истанбул фаро хонд. Б. бо ҳаммаслаконаш ҷиҳати омодагӣ ба сафар дар хориҷи Бағдод дар боғи Наҷибпошшо хайма зад.

Охири апр. – авв. майи 1863, яъне нуздаҳ сол баъд аз даъвои Боб (ба пайғамбарӣ), Б. дар миёни ҷамъи ҳамроҳонаш даъвои пайғамбарӣ намуда, ба пайравонаш башорат дод, ки мавъуди мунтазаре, ки Боб қаблан аз омаданаш хабар дода буд, ман юзҳируҳуллоҳ ва мавъуди тамоми пайғамбарон он кас мебошад. Ҳоло он боғ дар назди баҳоиён ба номи Боғи Ризвон маъруф аст ва он дувоздаҳ рӯз ҳамчун оғози нузули ваҳй ба Б. ҳар сол ба номи иди Ризвон тавассути баҳоиён ҷашн гирифта мешавад. Пас аз ба Истанбул расидан Б. бо ҳамроҳонаш ба шаҳри Адерна бадарға шуд. Онҳо наздик ба панҷ сол дар он шаҳр низ ба таблиғи ақоиди худ идома доданд. Баъд Б. ба шаҳри Аккои Фаластин табъид шуд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Оромгоҳи Б. бо фосилаи чанд километрӣ аз қабри Боб дар ҳамон кӯҳи Кармал воқеъ ва ба равзаи муборакаи Б. шуҳрат дорад. Дар охирин асараш – «Аҳд» васият карда, ки писари бузургаш Абдулбаҳо сарварии баҳоиёнро ба уҳда гирад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  3. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  4. LIBRIS — 2018.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълохон Афсаҳзод. Баҳоиён ва ақоиди онон. Д., 1996;
  • دائرةالمعارف اسلامی. ج ۳. القاهرة، ۱۹۳۳؛
  • الموسوعة العربية العالميةالنسخة الالکترونية، الریاض، ۲۰۰۴؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج ۳. تهران، ۲۰۰۴؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی، تهران، ۲۰۰۶.