Jump to content

Баҳром Қодиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳром Қодиров
Таърихи таваллуд 25 декабр 1972(1972-12-25) (51 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) дуторнавоз, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2023)

Баҳром Қодиров (зод. 25 декабр 1972, Даҳанишол, ноҳияи Ховалинг) — дуторнавоз ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2023)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Қодиров 25 декабри 1972 дар деҳаи Даҳанишоли ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1994 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзодаро ба итмом расон­да, ба сифати мутриб дар дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон ба оҳангсозӣ шуғл варзида, албоми навоҳояшро бо номи «Эй санам» пешкаши ҳаводорон кардааст. Ба Русия, Олмон, Лаҳистон, Руминия, Голландия, Фаронса ва дигар давлатҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом бахшидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.