Баҳси корбар:Тоҷиддин

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Тоҷиддин!

Ҷавоби суол[вироиши манбаъ]

Ассалом Тоҷиддин. Иттилоот дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф дар саҳифаи Википедиа:Ҳуқуқи муаллиф бозёфт карда метавонед. Сабаби ҳазф кардани мақолаҳои эҷод кардаатон дар он аст, ки ҳуқуқҳои муаллифро поймол карда истодааст, чун ҳама матнҳое ки шумо дар мақолаҳоятон истифода мебаред, пурра нусхабардорӣ карда шудаанд ва муаллифи ин матнҳо, мӯҳтарам Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Шумо аз фарзандони ин шахси обрӯманд барои истифода бурдани матни китоби «Тоҷикон» -ро дар инҷо доред? Фикр мекунам не. Нусхабардорӣ ҳамон вақт мумкин аст, агар матн ҳамчун моликияти ҷамъиятӣ ба ҳисоб равад. Мисол донишномаҳо, луғатҳо ё кори илмие, ки муаллиф ба ҷамъият бахшида аз ҳуқуқҳои худ даст кашида бошад. Ман метавонам ба шумо як чанд равона ба дастурҳои Википедиа диҳам, лек аз сабаби сершумор будани онҳо ва навкор буданатон, ҳисобатон гум мешавад. Биёед ин хел кунем: тугмаи Корбар:Тоҷиддин/Тест ро пахш кунед ва кадом мақолае, ки хоҳед эҷод кунед, мувофиқи талаботи Википедиа:Вироиши мақолаҳо Википедиа:Мақола ва Википедиа:Танзими мақолаҳо. Аз таҷриба кардан натарсед. Боҷурат бошед, чун ин саҳифаи санҷишии шахсии шумост ва ҳеҷ кас бе иҷозати шумо ҳазф кардан ҳуқуқ надорад. Барои намуна, метавонед мақолаи Абӯалӣ ибни Сино -ро нигоҳ кунед. Он чӣ ки нофаҳмо бошад, аз пурсидан шарм накунед. Ҳамаи мо навкор будем ва саҳифаҳои нахусти моро ҳам ҳазф мекарданд. Барои ҳамин, аввал ёд гиред, пас аз паси эҷод шавед. Барори кор дӯстам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:37، 1 Апрел 2016 (UTC)

Ба корбар:Тоҷиддин

Мақолаи вироиш намудаатон Палеолити поён ва миёна ва осори он дар сарзамини Осиёи Миёна‎ нусхабардории китоби "Тоҷикон" аст, ки сарчашмааш (тасвири билиографиаш нодуруст аст??? Яъне порчаи навишташуда дар кадом ҷилд ва саҳифааш ишора нашудааст). (Ҳамчунин дар мақолаи Давлати Тоҳириён). Ин китобҳои дар сарчашма (манбаъ) сабтшуда ба мавзуи мақола умуман мувофиқат намекунанд ??? (ниг:Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX – XVI. Мураттиб ва муҳаққиқ: Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе, 1999.Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе:Оли Сомон,1997. – 76 с.Таърихи Табарӣ. Ҷилдҳои 1-2. Теҳрон, 2001.Нусхаи таълифоти китоби Абубакри Наршахӣ. Таърихи Бухоро. – Душанбе, 1979.)

Доир ба ин давраи таърих дар Википедиаи тоҷикӣ мақолаҳои Асри санг дар Тоҷикистон ва Асри санг вироиш шудааст. Онҳоро бо маълумоти иловагӣ аз сарчашмаҳои гуногун пурру карда метавонед.

Инчунин, аз Википедиаи русӣ [Каменный век] истифода бурда ҳамчун намуна - сохтори мақола, мазмун, сарчашмаҳояшро дида метавонед.

Огоҳии аввалин оиди амали ғайриталабот дар дар Википедиаи тоҷикӣ. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 06:37، 8 Апрел 2016 (UTC)

Сарчашма нест[вироиши манбаъ]

Сарчашмаи вироишатонро бо тасвири библиографӣ биёред--Шухрат Саъдиев (talk) 16:02، 19 май 2016 (UTC)

Унвонҳои дарозу ғалат ва мақолаҳои ғайридонишномавӣ (ғайривикипедӣ)[вироиши манбаъ]

Салом Тоҷиддин! Ин маротибаи чандум аст, ки барои нигоштани мақолаҳо бидуни иҷозаи муаллиф огоҳонида мешавед ва ҳамчунин мақолаҳоят донишномавӣ нестанд! Масалан ин мақолаи Палеолити поён ва миёна ва осори он дар сарзамини Осиёи Миёна, ин чи гуна мақола аст? Як маротиба фикр кунед, ки кадом нафарро маҳз ҳамингуна ном ба сараш омада дар Википедиа ин мақоларо ҷустуҷу менамояд? Мақолаҳои донишномавӣ бояд муъҷаз, кутоҳ, дорои дифинитсия ва дарбаргирандаи ҳама дидгоҳ (якҷониба не) бошанд. Лутфан агар кӯмак кардан мехоҳед, пас сидқан дар доира дастурамалу роҳнамоҳо мақола вироиш намоед ва агар на, пас ҳама мақолаҳои ба чунин шакл гузоштаи шумо аз тарафи мудирон ҳазф хоҳад шуд.

Тавсия медиҳам, ки ВП:ҚД, ВП:ВМ -ро омӯзед ва пас ба эҷоди мақолаҳо гузаред.

Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (баҳс) 04:48، 20 май 2016 (UTC)