Jump to content

Бедонаи сиёҳ (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедонаи сиёҳ — навъе аз ангурҳои маҳаллии миёнсолӣ; селексияи халқист.

Баргаш калон, 5-7-парраи серчок. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон (дарозиаш 20 см, бараш 14-16 см, вазнаш 250—360 г), махрутшакл, шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд; ғужбаш (вазни 100-тоаш 195—222 г) миёнаҳаҷми лунда, сиёҳи сурхтоб, ғужмаш тунук, мумпардааш ғафс. Дилааш хамирак, карсосӣ, ширин, хуштаъм ва хушбӯй. Ҳангоми пурра пухтан25-27 % қанд ва 6-7 г/л туршӣ дорад. Меваашро тару тоза истеъмол мекунанд, инчунин мехушконанд (аз 100 кг ангур 25-27 кг мавиз ҳосил мешавад). Токаш зудсабз, ниҳолаш баъди 2-3 соли шинондан самар меорад. Навдаҳояш сабзи сурхтоб, 33-37-дарсадашон ҳосилдеҳ. Даври нашви бедонаи сиёҳ 130—142 рӯз аст; нимаи авв. май гул карда, авг. мевааш мепазад. Аз ҳар га 80-120 сентнер ҳосил меғундоранд. Дар заминҳои лалмӣ низ хуб месабзад. Бедонаи сиёҳро саҳван Кишмиши сиёҳ низ меноманд. Токи бедонаи сиёҳ аз навъи Кишмиши сиёҳ бо шакли барг, ҳаҷми хӯша ва ранги навда фарқ мекунад. Бештар дар ноҳияҳои водии Ҳисор мепарваранд. Ба касалиҳои гарда ва қарасон хеле тобовар буда, аз ҳашароти зараррасон (мас., баргпечаки хӯшаи ток) каме зарар мебинад.

  • Ампелография СССР, Малораспространённые сорта винограда. Т. 1. М., 1963;
  • Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1972;
  • Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.