Белпойҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БЕЛПОЙҲÓ
Таснифоти илмӣ
Гурӯҳ: Ҳайвонот
Намуд: Ширхӯрони обӣ
Синф: Сагшаклон
Номи лотинӣ:
Pinnipedia
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Белпойҳо дорад

БЕЛПОЙҲÓ (лотинӣ: Pinnipedia), як гурӯҳи ширхӯрҳои обӣ. Танашон дукшакл буда, бо пашми кӯтоҳи бетибит (ба ғайр аз гурбаи обӣ) пӯшида шудааст. Думи кӯтоҳ ва пойҳои панҷадори белшакл доранд. Дар пӯсти Белпойҳо ғадудҳои арақ ва чарб мавҷуданд; дар зери пӯст қабати чарб (то 8 см) хобидааст. Белпойҳо аз 18 (дар морж) то 38 (дар тюлени гӯшдор) дандон доранд; дандони ашк хуб инкишоф ёфтааст. Мушакҳои ҷоғи Белпойҳо қобилияти ҳоиданро гум кардаанд, аз ин сабаб онҳо ғи­зоро наҳоида фурӯ мебаранд. Белпойҳо дар об хеле серҳаракат (соате то 30 км шино менамоянд) буда, дар хушкӣ суст ҳаракат мекунанд. Ғизои Белпойҳо моҳӣ, нармбаданҳо, харчангшаклҳост; паланги баҳрӣ пингвин ва тюленҳоро сайд мекунад. Белпойҳо нафасашонро муддати дароз нигоҳ дошта метавонанд, масалан, тюлени Уэдделла 43 дақиқа, тюлени байкалӣ 68 дақиқа Ҳангоми дар об шино кардан гардиши хун дар гурдаҳо қатъ гардида, набз хеле суст (аз 55–180 то 4–15 маротиба дар як дақиқа) мешавад. Ҳарор. бадани Белпойҳо 36–37°С буда, мағзи сарашон инкишоф ёфтааст. Белпойҳо бӯйро хуб ҳис мекунанд; дар об мебинанд ва мешунаванд. Белпойҳо ҳангоми нафасгирӣ ба рӯйи об ва барои зоидан, ширмаконӣ, тулак ба соҳил ё рӯйи ях мебароянд. То 43 сол умр мебинанд. Белпойҳои модина дар 3 (мас., тюлен, гурбаи обӣ) – 6-солагӣ (морж) ба балоғат мерасанд. Даври ҳамли онҳо 8–12 моҳ аст; одатан 1, баъзан 2 бача мезоянд. Шири Белпойҳо серғизо буда, 36–52% чарб, 6–13% сафеда ва 0,2% қанд дорад.

Белпойҳо асосан дар баҳрҳои хунук ва муътадили нимкураҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, баъзан дар кӯлҳо зиндагӣ мекунанд. Бисёр Белпойҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҳаёт мегузаронанд. Саравлоди Белпойҳо эҳтимол дарандаҳои хушкигард буданд, ки дар давраи эотсени боло ё миёна ба ҳаёти обӣ гузаштаанд. Боқимондаҳои тюлени гӯшдор дар соҳили шимоли Уқёнуси Ором (ИМА) ва моржу тюлен дар соҳили шимоли Уқёнуси Атлантика (Аврупо ва ИМА) ёфт шудаанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]