Бемориҳои дарунӣ
Бемориҳои дарунӣ — иллати узвҳои нафас, аъзои ҳозима, дилу раг, гурда, бофтаҳо, ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) ва мубодилаи моддаҳо.
Фанни таълимӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бемориҳои дарунӣ ҳамчун фанни таълимӣ («клиникаи бемориҳои дарунӣ», «тибби дарунӣ», «терапия»), ки дар донишгоҳҳои тиббӣ дарс дода мешавад. Гастроэнтерология, гематология, кардиология, нефрология, пулмонология, ревматология ва ғайра бахшҳои бемориҳои дарунӣ мебошанд. Таърихи бемориҳои дарунӣ то садаи XIX бо таърихи тиб тавъам меояд, чунки дар давоми ҳазорсолаҳо фақат илми ҷарроҳӣ ва акушерӣ фаслҳои мустақили тиб маҳсуб мешуданду бас. Бемориҳои бачагона, занона, амрози асабу рӯҳ ва ғайра бошанд, дар таркиби бемориҳои дарунӣ боқӣ монданд. Аз ин лиҳоз Буқрот, Ҷолинус ва Абуалии Синоро метавон асосгузорони бемориҳои дарунӣ номид.
Дар садаи XIX комёбиҳои анатомияи эътилолӣ (патологӣ; тағйири морфологии узвҳоро, ки барои бемориҳои муайян хосанд, муқаррар мекунад), физиологияи эътилолӣ (қонунияти пайдоиш ва ҷараёни бемориро меомӯзад), бактериология (барангезандаи бисёр бемориҳоро кашф намуд), таҳияи усулҳои муоинаи беморон (ангуштзанӣ, гӯшкунӣ ва ғайра) барои инкишофи бемориҳои дарунӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дастовардҳои физика, кимиё, биология ва тибби назариявӣ боиси рушди бемориҳои дарунӣ гардид. Дар нимаи дуюми садаи XIX — нимаи якуми садаи XX педиатрия, невропатология, психиатрия, дерматовенерология чун фасли мустақили бемориҳои дарунӣ ҷудо шуданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бемориҳои дарунӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.