Jump to content

Бешкент (водӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бешкент — водӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон.

Бешкент дар байни қ-кӯҳҳои Туюнтоғ дар Ғарб ва Ариқтоғ дар Шарқ ҷойгир аст. Дар Шимол теппаҳои начандон баланд онро аз водии Кофарниҳон ҷудо мекунанд. Дарозиаш 70 км, бараш то 5 км. Сатҳаш ҳамвор, баъзан пастию баландиҳо вомехӯранд. Дар қисми марказӣ баландие вуҷуд дорад. Бешкент яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист. Дар ҷануби он аз оби Чилучорчашма тақр. 1000 га замин обёрӣ мешавад.

Минтақаи бошишгоҳии одамони қадим аст. Соли 1953 дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ аз Бешкент олоти сангини сокинони қадими водӣ ёфт шудаанд, ки ба асрҳои 5-6 то м. мансубанд. Маснуоти зиёди сафолӣ, ороишӣ, тангаҳо низ пайдо шудаанд, ки мансуби асри биринҷӣ ва давраи Кушониёнанд.

Иқлимаш континенталии хушк: ҳарорати миёнаи январ 30 С, июл беш аз 45 С. Боришоти солона — 140 мм. Дар водӣ шӯрзаминҳо бештар буда, ҳоло қисми зиёди заминҳои ҷанубии водӣ барои киштукор истифода мешаванд.

Наботот ва ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами набототаш биёбонист, рустаниҳои хоклес, шубоғ, хор ва явшон мерӯянд. Аз ҳайвонот гург, шағол, заргӯш, сусмор, муш, сангпушт, мор, калтакалос мавҷуданд.