Jump to content

Бидон (китоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Бидон» — китобест барои таълими забони арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ буда, муаллиф ва вақту замони таълифаш маълум нест.

Мувофиқи маълумоти «Шарҳи мулло»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Бидон» то давраи ӯ ҳам вуҷуд доштааст. Дар «Бидон» ҳиссаҳои нутқ ва грамматикаи забони арабӣ сода ва мухтасар баён шудаанд. Ҳангоми дарси забони арабӣ дар мадрасаҳо «Бидон» пеш аз сарфу наҳв ва «кофия», ки дастурамали асосӣ буд, хононда мешуд.