Jump to content

Файзрез

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Биникулӯта)

Файзрез (пештара Биникулӯта ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 526 нафар (2012), тоҷикон. Макта­би таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои сав­дои хусусӣ ва чойхонаи ҷамъиятӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз чоҳ­ҳои зеризаминии худсоз ва Чашмаи Себ обёрӣ мешаванд.