Файзрез
Зоҳир
Файзрез (пештара Биникулӯта ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 526 нафар (2012), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва чойхонаи ҷамъиятӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои зеризаминии худсоз ва Чашмаи Себ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод Бойгонӣ шудааст 10 августи 2015 сол.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Биникулӯта // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.