Биннинг, Герд Карл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Биннинг, Герд Карл
Gerd Binnig sw.jpg
Санаи таваллуд:

20 июл 1947(1947-07-20)[1][2] (72 сол)

Зодгоҳ:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

физика

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Биннинг, Герд Карл дар Викианбор

Герд Карл Би́нниг (олмонӣ: Gerd Karl Binnig; тав. 20 июли 1947, Франкфурти лаби Майн) — физикдони олмонӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физик (1986).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи мактаби Рудолф Кох дар Оффенбахи лаби Майн (1966) ва Университет ба номи И. В. Ҳёте дар Франкфурт (1978). Пас аз хатми донишгоҳ Биннинг корманди Лабараторияи таҳқиқотии ширкати «Интернэшнл бизнес мэшинз» (IBM) дар шаҳри Сюрих (Швейтсария) шуд. Дар ин ҷо Биннинг ба таҳқиқот оид ба сатҳи филиззот шуғл варзид, чунки то ин вақт таҳлили пурраи сатҳи мавод мавҷуд набуд. Душворӣ дар он буд, ки ҷойгиршавии атомҳо дар сатҳи ҷисми сахт аз ҷойгиршавии атомҳои дохили он ба куллӣ фарқ карда, усулҳои мавҷуда онро пурра таҳқиқ карда наметавонистанд. Аз дигар тараф, аксари таъсири мутақобили ҷисмҳо махсусан дар сатҳи модда мегузарад. Барои таҳқиқи сатҳи мавод Биннинг якҷоя бо Г. Рорер яке аз роҳҳои падидаи квантию механикиро, ки бо номи «падидаи туннелӣ» маълум аст, истифода намуданд. Ин таҳқиқот ба ихтирои асбоби нав – микроскопи сканерии туннелӣ оварда расонд (1981), ки бо ёрии он сатҳи моддаро дар сатҳи атомӣ таҳқиқ кардан мумкин аст.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Биннинг инчунин бо Мукофоти Хюлетт–Паккард (1984), мукофоти илмии байналмилалии шоҳи Арабистони Саудӣ – Файсал ва мукофоти Ҷамъияти физикадонҳои Олмон (1982) сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]