Jump to content

Биосенология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биосенология (аз биосеноз ва юн. λόγος — омӯзиш, илм) — илмест, ки ҳамзистии набототу ҳайвонот, сохт, инкишоф ва робитаи онҳоро бо омилҳои берунӣ меомӯзад.

Ҳамзистии организмҳо ва таъсири ҳамдигарии онҳо бо табиати ғайризинда мавзӯи омӯзиши биогеосенология аст. Қисмати ба наботот алоқаманди биосенологияро фитотсенология меноманд. Фитосенозҳоро фақат дар якҷоягӣ бо ҳамзистии ҳайвонот ва микроорганизмҳо меомӯзанд.

Дар Тоҷикистон дар асоси биосенология биосенозҳои табиӣ ва агробиосенозҳо, ташкили муҳофизати ҳайвонот ва наботот, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони пахта ва ғайра омӯхта шудаанд. Павловский Е. Н. дар Тоҷикистон пажӯҳишҳо анҷом дода, таълимотро дар бораи паразитосеноз ба вуҷуд овардааст.