Jump to content

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим (ар. بِسۡمِ ٱللهِ ٱلرَّحۡمَـٰنِ ٱلرَّحِيمِ‎ — ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон) — таъбири қуръониест, ки сураҳои Қуръон, ба ҷуз сураи Тавба, дар навишти мусҳафҳо бо он оғоз шудаанд.

Ибораи «Бисмиллоҳ» аз се қисмат иборат аст:

  • «би» — лафзи нисбат монанди «ба» дар забони тоҷикӣ
  • «исм», яъне ном
  • «Аллоҳ», ки бузургтарин ва ҷомеътарини номҳои Худованди мутаъол мебошад ва бандаи муъмин бояд корҳои муҳимми худро бо гуфтани ин ҷумла оғоз намояд. Ин маъно дар фарҳанги исломӣ мухтасаран бо вожаи «басмала» (بَسْمَلَة), ки аз масдарҳои манҳут (сохташуда) буда, аз ибораи «Бисмиллоҳ…» сохта шудааст ва ба маънои «Бисмиллоҳ…» гуфтан аст, ифода меёбад.

Гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим бо асли бузурге дар ҷаҳонбинии исломӣ бармегардад, ки бар пояи ояти «Ӯ аввал, охир, зоҳир ва ботин аст» бино ёфтааст. Ба ибораи дигар, вақте Худованд аввал ва пеш аз ҳама бошад, пас, мояи баракатист ва ҳатто зарур аст, ки тамоми корҳо бо зикри номи ӯ оғоз шаванд. Оғоз ба номи Парвардгори меҳ­рубон ба сурати дигаре дар аввалин оятҳое, ки аз сӯи Худованд бар пайғамбари акрам (с) нозил шудаанд, баён гардидааст. Уламои ислом иттифоқи назар доранд, ки Худованд дар ояти аввали сураи муборакаи «Алақ»: «Иқраъ бисми Раббика» (Бихон ба номи Парвардгорат) оғоз кардан ба номи Худо бар пайғамбараш (с) ваҳй карда, ба вай тавсия менамояд, ки хонданро бо номи Худованд шурӯъ намояд.

Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ояте аз Қуръон мебошад, ки барои муайян намудани фосилаи байни сураҳои Қуръон нозил гардидааст. Вақте ин оят ба пайғамбар (с) нозил мешуд, ишора ба он дошт, ки сураи пешин ба поён расида, сураи нав оғоз гардидааст ва гоҳе чунин ҳам мешуд, ки ҳанӯз бахшҳое аз сураи пешин ба поён нарасида, сураи нав оғоз мегашт ва нузули Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим фосилаи миёни онҳоро муайян месохт.

Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим дар Қуръони карим 114 бор — 113 бор дар ибтидои 113 сураи Қуръон ва як бор дар оғози номаи Сулаймон (ъ) ба маликаи Сабоъ дар ояти 30-уми сураи Намл ба сурати комил зикр шуда, танҳо як сура — сураи Тавба бе Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим оғоз шудааст. Дар таълимоти исломӣ бар зикри номи Худо бо гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим дар оғози ҳар коре, ба ҷуз корҳое, ки аз назари шаръӣ ва динӣ барои муъмин мамнӯъ ва макрӯҳ ҳастанд, таъкиди бисёр шудааст, зеро он матлаи хайру баракат ва мояи ҷалби раҳмат ва ёрии Худованд дар он кор мебошад. Илова бар тавсияҳои умумие, ки дар суннати пайғамбари акрам (с) нисбат ба гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим омадааст, дар мавридҳои хоссе, ба монанди пеш аз хӯрдан, нӯшидан, ҳангоми забҳ кардан, ба киштӣ нишастан, ба бистари хоб рафтан, пеш аз ҳамбистарӣ ва ғ. ба гуфтани он таъкиди бештаре шудааст. Навиштани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим тақр. дар оғози ҳамаи навиштаҳо бо пайравӣ аз суннати пайғамбар (с) марсум ва роиҷ гаштааст. Аз ин ҷост, ки гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ба сурати шиори мусулмонон ва нишонаи дини ислом даромада, дар тамоми фарозу нишеби зиндагӣ вирди забони онҳост. Осори он ҳатто дар офаридаҳои дасти хушнависон ва ҳунари меъмории ҷаҳони ислом бо нафосати хоссе ба мушоҳида мерасад. Навиштани он ҳам­вора таваҷҷуҳи хушнависонро ҷалб карда, ба сурати унсури ороишӣ дар зарҳалкориҳои нусхаҳои хаттӣ ва ҳунари меъморӣ, бахусус бар тоқи меҳробҳо ва болои дари масҷидҳо ба кор рафтааст.

Дар фарҳанги исломӣ, бахусус дар истилоҳи уламои фиқҳ ва тафсир, вожаи «тасмия» ба маънои зикри номи Худо ба сабаби меҳварияти номи Худо дар ибораи «Бисмиллоҳ…» бештар ба гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим итлоқ мешавад. Тавсия ба гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ва зикри номи Худо дар таълимоти суннати набавӣ бо корбурди иштиқоқоти гуногуни калимаи тасмия идома ва такмил ёфтааст. Ду калимаи охири он аз решаи «раҳмат» гирифта шудаанд. Соҳибони бисёре аз тафсирҳо навиштаанд, ки сифати «раҳмон» танҳо хосси Худо мебошад ва маънои он «дорои раҳмати ҷомеъу комил» аст, вале «раҳим» метавонад ба банда (инсон) ҳам нисбат ёбад. Масалан Худованд дар Қуръон ин сифат (ё хислат)-ро ба пайғамбари акрам (с) нисбат дода мефармояд: «Би-л-муъминина рауфун раҳим». (Он Ҳазрат ба муъминон бисёр дилсӯз ва меҳрубон аст). Бинобар ин, калимаи «раҳмон»-ро бе ҳеч изофа номи инсон қарор додан ҷоиз нест, вале ба сурати Абдурраҳмон (яъне бандаи Худо) мумкин мебошад. Ҳикмати оғози корҳо ба номи Худо. Ҳар коре ва ҳар чизе оғоз ва поёне дорад ва оғози он бисёр боаҳаммият аст. Дар сиришти ҳар инсон ин эҳсос ва ғариза (инстинкт) вуҷуд дорад, ки дар шурӯи ҳар коре худро аз назари рӯҳӣ ва маънавӣ омода созад ва барои он ҷӯёи имдод ва ёрӣ мегардад. Бо андак мутолиа метавон дарёфт, ки ин эҳсоси рӯҳӣ дар ботини ҳамаи инсонҳо, чи мусулмон ва чи ғайримусулмон вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки мардум бо вуҷуди он ки дар шурӯи кор Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим мегӯянд, боз ба изофа ҷумлаҳо ва калимаҳоеро, ба монанди: «Эй Худо, мадад», «Нийят ба кори хайру лаънат ба кори шайтон» низ мегӯянд, ки нишондиҳандаи ҳамин ниёзи хос ва хоста­ҳои фитрии инсон аст. Арабҳои мушрик қабл аз ислом ва дар замони пайғамбари акрам (с) низ корҳои худро бо ёд кардани номи бутҳояшон оғоз мекарданд.

Дар хабар аст, ки: «Ҳар кори муҳим ва боарзише, ки бе Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим (ва бе зикри номи Худо) оғоз шавад, абтар ва нотамом (бебаракат) хоҳад буд». Яъне ҳар кори боаҳам­мияте, ки бе Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ва бе зикри номи Худо оғоз шавад, дар зоҳир ба итмом ва натиҷае бирасад ҳам, вале дар асл ва дар ботин нотамом ва ноқис боқӣ мемонад.Ҳар­чанд дар бораи исноди ин ҳадис дар байни муҳаддисон ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад, вале он чи шаръан ва дар тамоми фатвоҳо мусаллам аст, ин аст, ки гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим дар ибтидои ҳар коре суннат ва равиши баргузидаи расули Худо (с) мебошад. Зеро ин маъно бо дигар фармоишот ва ҳамчунин бо суннати амалии пайғамбари акрам (с) низ собит шудааст.

Худованди мутаъол дар Қуръони маҷид чандин бор бар зарурати шурӯи корҳо бо Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим таъкид фармудааст. Аз ҷумла, Нуҳ (ъ) ба муъминони ҳамроҳаш дастур медиҳад, ки ҳангоми савор шудан ба киштӣ «Ба номи Худо равон шудан ва боз нишастани он» бигӯянд (11: 41). Дар сураи Алақ Худованд ба пайғамбараш (с) тавсия менамояд, ки: «Бихон бо номи Парвардгорат, ки офарид…».

Дар аҳодиси расули акрам (с) ба чунин тавсияҳое бисёр вомехӯрем, чунонки мефармояд: «(Шабона) даратро бибанд ва номи Худоро бар он ёд кун, чароғатро хомӯш соз ва бар он номи Худоро ёд кун, сари зарфҳоятро бипӯш ва бар он номи Худоро ёд кун ва даҳони машкҳоятро бибанд ва бар он номи Худоро ёд кун». Хулоса, Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим гуфтан дар ҳар амре суннат аст.

Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ҷомеътарин ва дар айни ҳол муҷазтарин муқаддимае барои табаррук, таяммун (некӣ хостан), таваккул, баёни ихлос ва ёрӣ хостан дар оғози ҳар коре мебошад.

Ҳикматҳои бисмиллоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳикматҳои Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим мухтасаран иборатанд аз:

  1. Баёни ихлос ва шинохти азамати Худованд Муъмини воқеӣ касест, ки ҳама кораш ба номи Худо ва барои Худо бошад ва як дам аз ёди ӯ ғофил набошад. Вақте корҳояш ба номи Худо ва бо ёди Худо бошанд, тамоми корҳои ӯ ҳамчун ибодат пазируфта мешавад. Масалан вақте шахси мусулмон дар шурӯи таом хӯрдан Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим мегӯяд, он чунин маъно дорад, ки ғизоеро, ки барои қуввату нерӯ гирифтан истеъмол намудааст, ба хотири он аст, ки нерӯи бадастомада аз он ғизоро дар анҷоми корҳои нек ва худописандона сарф менамояд ва дар айни ҳол бо баёни ин ҷумла одоби бандагӣ ва таъзими мақоми бузурги Худовандро ба ҷой овардааст, зеро ҳама неъмат­ҳои ҷаҳон аз они Худоянд. Шинохти азамати Худованд инсонро ҳамсайр ва ҳамсӯи тамоми воситаҳои ҳосил ва расонандагони неъматҳои илоҳӣ мегардонад, ки дар эҷоди он тамоми нерӯҳои табиат ва инсонҳо саҳм доранд ва ҳа­магӣ мусаххар ва тобеи хости Худованд ҳастанд.
  2. Табаррук ва таяммун (Баракат ҷустан ва накӯӣ хостан). Ин ҳам як ангезаи фитрӣ ва майли ботинии инсон аст, ки дар оғози ҳар амале мехоҳад онро бо баракат ва некӣ ороста созад ва яке аз роҳҳои он иртибот додани кор ва ё чизи мавриди назар бо номи Худованд мебошад, зеро номи ӯ мояи баракат дар кори инсон ва боиси оромиши рӯҳии вай мебошад.
  3. Таваккул. Сарфи назар аз он ки инсон асбобу васоил ва лавозими ҳар кореро ба тамому камол омода сохтааст, боз дар замири худ ҳамеша эҳсос менамояд, ки ба як ҳомӣ, роҳнамо ва пуштибони нерӯманди мут­лақе ниёз дорад, ки битавонад фарҷоми некеро барои он кораш фароҳам оварад. Бо ёди Худо ва бо гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим инсон дар ин лаҳ­заҳои ҳассос Худоро ба ёрӣ ва роҳнамоӣ мехонад. Шахсе, ки ба Худо имон дорад, дар чунин лаҳзаҳо танҳо бо ёду номи Худованд оромиши қалбӣ ва итминони хотир пайдо мекунад ва бовар дорад, ки пас аз зикри номи Худованд он кораш хотимаи неке хоҳад дошт, зеро вай дар он лаҳзаи ҳассос ба бахшандагӣ (раҳмоният) ва меҳ­рубонӣ (раҳими­ят)-и Худованд умед бастааст. Яъне банда танҳо ризо ва хости Худованди худро меъёр ва милоки дурустӣ ва судмандии кори худ медонад ва растгории худро дар ризои (хушнудии) ӯ меҷӯяд.
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
  • سعید حوّی. تفسیرالاساس فی القران. ج ۱. القاهرة، ۱۹۸۹؛
  • مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
  • عبدالله بن عبد الرحمن دارمی سمرقندی. سنن دارمی. القاهرة، ۲۰۰۰؛
  • وهبه الزحیلی. تفسیر وسیط. دمشق، ۲۰۰۰؛
  • المصباح المنيرفی تهذيب تفسير ابن کثير. الریاض، ۲۰۰۲؛
  • صحيح ابن حبان. بیروت، ۲۰۰۴؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج ۳. تهران، ۲۰۰۴؛
  • موسوعة نضرة النعیم. فی مکاریم اخلاق الرسول الکریم. جدة، ۲۰۰۴؛
  • سنن الترمذی. بيروت، ۲۰۰۴؛
  • صحیح مسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶؛
  • صحیح البخاری. بیروت، ۲۰۰۷؛
  • مصطفی خرم دل. تفسیر نور. تهران، ۲۰۱۱