Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Битовнит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Битовнит
Битовнит (Чихуахуа, Мексика)
Формула(Ca,Na)[Al(Al,Si)Si2O8]
Физические свойства
Цветбесцветный, серый, зеленовато-белый, или белый
Цвет чертыбелый
Блескблизкий к стеклянному
Твёрдость6-6,5
Спайностьвесьма совершенная по [001], совершенная по [010]
Изломступенчатый
СингонияТриклинная

Битовни́т — (Ca,Na)[Al(Al,Si)Si2O8], плагиоклази нисбатан тоза, ки каме ғаши зарраҳои албитӣ ва кислотаҳои кремнийгӣ (45 — 49 %) дорад; дар кислотаҳо ҳал мешавад, таркиб ва хосият­ҳояш ба лабрадор хеле монанд аст. Дар таркиби габбро, андезит ва ғайра вомехӯрад. Узви қатори изоморфии NaAlSi3O8 (албит) — CaAl2Si2O8 (анортит) буда, 70 — 90 % молекулаи анортит дорад.

Соли 1835 ба муносибати мавзеи бозёфт — шаҳраки Байтаун (ҳоз. Оттава) номгузорӣ шудааст. Одатан, намуди агрегатҳои сафед ва зарди донагиро дорад, баъзан дар шакли булӯрҳои нимшаффоф ва шаффофи зардча бо тобиши тилоӣ вомехӯрад. Беҳтарин намунаҳои битовнит коркард (суфтагарӣ) карда мешаванд.