Бобоҷон Бобохонов
Бобохонов Бобоҷон Каримович | |
2000 — 30 январи 2010 | |
|
|
Таваллуд | 1945 |
Таҳсилот | |
Касб | ҳуқуқшинос |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо |
Бобоҷон Бобохонов (Бобохонов Бобоҷон Каримович; 1945) — ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлия (2001), Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003). Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000–2010[1][2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоҷон Бобохонов соли 1945 ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (1973).
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Вахш (1973–1978), прокурори шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа (1978–79), муовини прокурори ноҳияи Вахш (1979–1985), прокурори ноҳияи Панҷ (1985–1990), сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа (1991–1993), прокурори вилояти Хатлон (1993–1996) ва вилояти Ленинобод (1996–1997), муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996–2000). Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000–2010). Аз соли 2010 дар нафақа.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Шараф» (1999), медалҳои «20 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1965), «10-солагии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таърихи таъсисёбӣ ва рушди Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.), Генеральная прокуратура Республики Таджикистан. Проверено 3 Январ 2018.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобохонов Б. К.. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 3 Январ 2018 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Душанбе. — Душанбе: СИЭМТ, 2016, — С. 192. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |