Jump to content

Бобоҷон Ҳасанов (омӯзгор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоҷон Ҳасанов
Таърихи таваллуд 5 апрел 1947(1947-04-05) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Бобоҷон Ҳасанов (тав. 5 апрели 1947, деҳаи Қалъачаи Бакавул, ноҳияи Ӯротеппа) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1990), дотсент (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1971 факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1971—1972 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Аз соли 1973 ҳамчун ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Солҳои 1980—1984 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Оид ба ташаккули малака ва маҳорати мустақилонаи масъалаҳалкунӣ дар хонандагон ҳангоми омӯзиш фанни геометрия кори илмӣ бурда, муаллифи 50 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ ва воситаҳои таълимиву методӣ мебошад. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумиитифоқӣ ва байналхалқӣ (Москва, Киев, Твер, Тошкент, Душанбе) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва якчанд ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Системаи машқҳо барои ташаккули малака ва маҳоратҳои мустақилона амалкунӣ барои зинаҳои 1-ум ва 2-юми ҳалли масъалаҳои планиметрӣ. Қ.1, 2, Д., 1986;
  • Ҳалли нобаробариҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
  • Тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои геометрӣ (планиметрия) (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.