Jump to content

Бовандиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бовандиён
Таърихи фурӯпошӣ 1349
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бовандиён, Оли Бованд — силсилае аз амирони маҳаллии эронитабори Мозандарон (Табаристон), ки солҳои 651 (ё 665)-1349 м дар ҳудуди ҳафтсад сол бар сарзамини Дайлам (бахше аз Гелон) ва минтақаи кӯҳистонии Табаристон (Мозандарон) ҳукмронӣ кардаанд.

Маълумоти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Насаби Бовандиён ба подшоҳони сосонӣ Қубод ва фарзандаш Ковус ё Каюс (ваф. 571) бародари Хусрави Парвиз — Анушервон мерасад. Ковус баъди марги Қубод ба қатл расид ва Шопур писари Ковус дар Мадоин подшоҳ шуд. Баъди марги писараш Бов ба Табаристон рафт ва давлати маҳаллие бунёд ниҳод, ки минбаъд ҳукуматҳои сегонаи ҳукмфармоёни ин хонадон бо номи ҳамин Бов Бовандиён номида шуд.

Ӯ ҳудуди 15 сол бар сарзамини Табаристон фармонравоӣ кард, ки аксари ин муддат аз Ш. бо туркон ва аз Ғ. бо мусулмонон дар ҷангу даргирӣ қарор дошт ва саранҷом соли 679 ба дасти шахсе бо номи Валош кушта шуд. Ба андешаи баъзе муҳаққиқон Бов соли 651 каме пас аз кушта шудани Яздгурд ҳокими он ҷо шуда, наздик ба 10 сол фармонравоӣ карда вафоташ низ хеле пештар аз таърихи баъдӣ буд. Ба ин гуфта оғози ҳукмронии аввалин силсилаи Бовандиён ба соли 651 рост меояд.

Фармонравоён

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фармонравоёни Бовандиён ба се шоха ва се давраи муҳим тақсим мешаванд. Шохаи аввали ин сулола, ки бо номи Кайусиҳо (ё Ковусиён, аз номи ҷадди бузургашон Кайус ибни Қубод) иштиҳор доранд (665—1007), дар а.10 ба воситаи издивоҷи хонаводагӣ бо Бувайҳиён ва оли Зиёр наздик шуда, каме баъдтар зери итоати Зиёриён дар вилоёти худ ҳукумат карданд. Дар ин давра 13 тан аз амирони ин хонадон бар минтақаи кӯҳистонии Табаристон ва атрофи он (Гелон, Рай ва Қумис) ҳукумат рондаанд ва ш. Фиррайм (Пиррайм) — Шаҳрёркӯҳ маркази кишвару пойтахти онҳо буд. Фармонравоии Бовандиёни ковусӣ ба даврони хилофати Аббосиён ва ҳукуматҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар Хуросон ва оли Бӯя дар ғарби Эрон рост меомад. Ҳаштумин амири хонадони Бовандиён испаҳбад Қоран ислом овард ва бо номи Абулмулук шуҳрат ёфт. Охирин фармонравои ин силсила Шаҳрёри III соли 1007 даргузашт ва пас аз вай ҳукумати онҳо ҳудуди 70 сол дар заъфу парешонӣ буд.

Дуюм, давраи фармонравоии силсилаи Испаҳбадон ва ё Испаҳбадия аст, ки аз ибт. а. 11 то ибт. а. 13 ҳудуди 200 сол идома дошт. Дар замони Салҷуқиён онҳо ба кӯҳистони касногузар танг карда шуда, он ҷо мақарр сохтанд ва бо номи Мулукулҷибол (шоҳони кӯҳистон) низ машҳур шуданд. Яке аз ҳокимони онон — Рустами Аввал (1140—1163) аз суст шудани салтанати бузурги Салҷуқиён истифода бурда, доираи ҳукмронии худро густариш дод ва қариб, ки соҳибистиқлол гашт. Дар тамоми минтақаи Эрони шимолӣ ҳамчун сиёсатмадори дараҷаи аввал эътироф шуд. Давраи ҳукмронии Рустами Аввал дар таърихи ҳар се шохаи ҳукмронони сулолаи Бовандиён аз ҳама барҷастатар ва авҷи он буд. Вале фишори доимии давлати Исмоъилиён ва баъдан лашкаркашиҳои пай дар паи Хоразмшоҳиён ҳукумати ононро заъиф сохт ва ҳатто дар соли 1210 ҳукмронии Испаҳбадон барои ҳамешагӣ аз миён рафт. Дар маҷмӯъ 8 тан аз амирони ин хонадон бо номи испаҳбадони Табаристон бар ин сарзамин ҳукумат рондаанд ва ш. Сорӣ маркази ҳукмронии онҳо ба шумор мерафт. Бовандиён бо Исмоилиёни Аламут пайваста дар ҷанг буданд. Амирони испаҳбадии хонадони Бовандиён илова бар номҳои форсии баргирифта аз достонҳои куҳан номҳое чун Насруддавла, Шамсулмулук ва Носируддавла низ доштанд.

Испаҳбадон дар замони мавҷудияти худ дар баробари салтанати Ғуриён (дар шарқ) дувумин давлати маҳаллии эронитаборон (ғайритуркон) дар тамоми Эронзамин (дар ғарб)маҳсуб мешуд.

Сеюм, тақрибан пас аз сӣ сол шохаи дигари ин сулола мавсум ба силсилаи Кинахория ё Кинхозия ба ҳукумати Мозандарон расиданд, ки дар тамоми давраи мавҷудияти худ (1238—1349), ки бештар аз сад сол идома дошт, тобеъи муғулон буданд. 8 тан аз амирони Бовандиён дар ин давра бар сарзаминҳои Табаристон фармонравоӣ кардаанд. Ҳусомуддини Ардашер нахустин амири ин хонадон ва ш. Омул пойтахти онҳо буд. Пас аз кушта шудани охирин амири силсилаи кинхозия Фахруддавла Ҳасан ибни Кайхусрав дар соли 1349 Бовандиён пароканда гаштанд ва дигар ҳеч гоҳ ба қудрат нарасиданд. Умуман ин силсилаи сеюми Бовандиён дар таърих нақши муҳимме чун ду силсилаи аввал надоштааст.

  • Амиршоҳӣ Н. Давлатҳои тоҷикзамин дар охири садаи X-ибтидои садаи XIII// Таърихи халқи тоҷик. Х. 2008.