Ғуриён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Давлати Ғуриён)
Ғуриён
Таърихи таъсис 1011
Кишвар
Пойтахт Фирӯзкӯҳ[d]
Навъи ҳукумат подшоҳии ворисӣ[d] ва sultanism[d]
Иваз шуд ба Салтанати Деҳлӣ
Таърихи фурӯпошӣ 1215
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ғуриён — сулолаи суннимазҳаби тоҷикон. Сарсулолаи хонадон Сури ибни Муҳаммад, сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари Ғур) буд. Шонасбониён (Ғуриён) шоҳони давлати Ғуриён — давлати дуюми таърихии тоҷикон дар Хуросон буданд. Давлати Ғуриён солҳои 11501215 арзи ҳастӣ намудааст.

Сари қудрат омадани Ғуриён[вироиш | вироиши манбаъ]

Охири асри ХI дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои асри ХII давлати феодалии Ғуриён таъсис ёфт. Ҳокимони Ғур баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии Ғазнавиён маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлоли худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба rувваи бузурге соҳиб гардиданд.

Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шуҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд. Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Асосгузори давлати Ғуриён Алоуддин Ҳусейн (Ҷаҳонсӯз) соли 1150 ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шикасти ҳалкунанда расонида шаҳри Ғазнаро забт намуд ва оташ зад (аз инҷо лақаби Алоуддин Ҳусейн- Ҷаҳонсӯз пайдо щудааст). Вале муборизаи Ғазнавиён ва Ғуриён бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186-87 бародарзодаи Алоуддин Ҳусейн — Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони ғазнавӣ, Ҳокими Лоҳур — Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур — Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати Ғазнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриён ҳокимияти Ғазнавиёнро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно Ғур буд.[1]

Нашъу намои давлат[вироиш | вироиши манбаъ]

Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Ғайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон) ва Ӯзбекистони кунунӣ, аз ҷумла, ноҳияи Вахш, Чағониён, Шуғнон ва Вахон ба ҳайъати давлати Ғуриҳо дохил карда шуданд. Солҳои 11521206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иқтисодӣ ва мадании давлати Ғуриҳо низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои Осиёи Миёна хеле ақибмонда буд, ин пешравӣ дер давом накард.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. — Душанбе, 2008. — с. 414