Бозор Назриев
Бозор Нарзиевич Нарзиев | |
Таърихи таваллуд | 18 апрел 1938 |
Зодгоҳ | деҳаи Урметан ноҳияи Айнӣ |
Таърихи даргузашт | 2 апрел 2013 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физикаи молекулӣ ва спектроскопияи молекулӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Шогирдон | Муродилло Нуруллоев |
Ҷоизаҳо | Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон |
Бозор Назриев (18 апрел 1938, Урметан, ноҳияи Айнӣ — 2 апрел 2013, Душанбе) — омӯзгор, физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1994), профессор (2000), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) ва яке аз поягузорони оптикаю спектроскопия дар Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозор Назриевич Назриев 18 апрели соли 1938 дар деҳаи Урметан — калонтарин рустои ноҳияи Айнӣ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ба даргоҳи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) шомил гардида, шуъбаи рӯзонаи онро соли 1963 бо ихтисоси «физик-муаллим» бомуваффақият хатм намуд. Соли 1964 ба сифати коромӯз ба Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ) барои пажӯҳиши илм сафарбар гардида, соли 1968 шуъбаи аспирантураи донишгоҳи фавқро ба поён расонид. Назриев Б. Н. солҳои 1976—1986 ва 1992—2009 вазифаи мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Ҳамчунин, ин муаллими оқилу олими хирадманд барои хидматҳои шоёнаш дар таълиму тарбия унвонҳои илмӣ — академии дотсент (1974) ва профессор- ро (2000) ба даст меорад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозор Назриев соли 1969 дар мавзӯи «Спектроскопическое исследование межмолекулярного взаимодействия в водных и неводных растворах ацетонитрила» рисолаи номзадиро дифо кард ва ба гирифтани унвони номзади илмҳои физикаю математика шарафёб гардид. Ӯ соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Водородные связи и строение растворов гетероциклических соединений по данным инфракрасной спектроскопии» ҳимоя намуда, ба гирифтани унвони доктори илмҳои физикаю математика сарфароз шуд. Аз ин рӯ, ӯ ягона шахсест, ки дар ҶТ аз солҳои аввали фаъолияти худ сар карда (аз соли 1970) мактаби илмию таълимиро доир ба омӯзиши хосиятҳои оптикӣ ва сохтори моддаҳои конденсӣ — моеъҳо, маҳлулҳо ва ҷисмҳои сахт, ҳодисаҳои оптикии дар ин муҳитҳо ба амал оянда ва қобилиятҳои протондонорию протонаксептории молекулаҳоро ташкил намуда, инкишоф дод. Натиҷаҳои босифати бадастовардааш сазовори қабули мутахассисони соҳаҳои мухталиф (физикаи молекулӣ, спектроскопияи молекулӣ, химияи физикӣ, сохтори модда ва ғайра)гардиданд, ки аз усулҳои дақиқу сермаълумоти спектроскопияи молекулӣ истифода мебаранд. Дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ — тадқиқотиаш (КИТ) ӯ бо шогирдонаш зиёда аз 250 мақолаву фишурдаҳо чоп намуда, дар 14 конфронсҳои байналхалқӣ ва 35 конфронсҳои умумииттифоқию минтақавӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад кардааст.
Профессор Назриев Б. Н. дар корҳои ҷамъиятии илмию методӣ низ иштироки фаъолона дошта, узви як қатор Шӯроҳо, гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои салоҳиятнок буд. Аз соли 1994 аъзои гурӯҳи кории Ҷамъияти Аврупоӣ доир ба спектроскопияи бандиши гидрогенӣ, аъзои Шӯрои илмӣ — методии донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, дигар Шӯроҳои ҶТ ва ДМТ буд. ӯ бо мутахассисони марказҳои илмии як қатор шаҳрҳои собиқ ИҶШС (Москва, Ленинград, Уфа, Новосибирск, Киев, Самарқанд, Тошканд ва ҳоказо), инчунин муассисаҳои илмию таълимии шаҳри Душанбе алоқаҳои илмию таълимӣ барқарор намуда, онро ривоҷ додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Б. Н. Назриев ба корҳои илмӣ — методӣ низ машғул шуда, барои кормандони илмӣ, аспирантон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ 6 васоити таълимӣ
- Оптика қ. 1,
- Дастуруламал оид ба корҳои лабораторӣ аз оптика,
- Строение молекул и межмолекулярные взаимодействия (Т. 1-2),
- Руководство к лабораторным занятиям по спецкурсу «Спектроскопия конденсированных сред»
- Корҳои амалӣ аз оптика ва ҳоказоро таълиф намудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» (1998),
- Аълочии мактаби олии СССР (1986),
- Ифтихорномаи комитети давлатии СССР оид ба маълумот (1989),
- «Зарбдори панҷсолаи IX»,
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Арбоби илму техника ва профессори кафедраи оптика ва спектроскопияи ДМТ, Бозор Назриев субҳи рӯзи 2-юми апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе даргузашт намуд, вале кору пайкор, тадқиқоти арзишманд, навиштаҳои зарин, суханони пурарзиш ва падарвори ӯ ҳеч аз қалби наздикон, дӯстдорону алоқамандони физика нахоҳад рафт[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://dmt.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=81:donishjui-sol&catid=40:asia&Itemid=225(пайванди дастнорас) // Аз дида ба дилҳо…
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008.
- http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/10929-az-dida-ba-dilho-raftaast.html(пайванди дастнорас) // Аз дида ба дилҳо рафтааст…
- http://dmt.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=81:donishjui-sol&catid=40:asia&Itemid=225(пайванди дастнорас) // Аз дида ба дилҳо…
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 апрел
- Зодагони соли 1938
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Даргузаштагони 2 апрел
- Даргузаштагони соли 2013
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Физикони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон