Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бориҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бориҷа
Табақабандии илмӣ
ХАТО: пур кардани параметрҳои parent ва rang ҳатмӣ аст.
???:
Бориҷа
Номи илмӣ

Бориҷа (лот. Ferula gummosa) — як навъ гиёҳи бисёрсолаи худрӯй, мансуби чатргулҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландиаш то 1 метр. Барги сермӯяки хокистарранг, гули майдаи заъфарон ва хӯшагули чатршакл дорад.

Май — июн гулу мева мекунад.

Бориҷа рустании монокарп аст, яъне, як бор гулу мева карда, баъд тамоман мехушкад. Танҳо дар алафзори минтақаи даштии Осиёи Марказӣ (Копетдоғи Туркманистон) мерӯяд; дар Эрон низ дучор меояд.

Зифти он (галбанум) дар тиб истифода мешавад. Решаи Бориҷа 2,8—3,8 дарсад равғани эфир ва то 24 дарсад зифт дорад.