Борӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Борӣ, ал-Борӣ (ар. البارئ‎ — созанда, офаринанда ва офаридгор) — яке аз номҳои Худованд.

Вожаи Борӣ дар Қуръон се бор (ду бор дар сураи Бақара, ояти 54 ва як бор дар сураи Ҳашр, ояти 24) ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ омадааст. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирҷои калима ба яке аз ду решаи масдари баро بَرَي (ноқиси йоӣ) ва бараа بَرَءَ (маҳмузу-л-лом) маншаъ гирифтааст, ки аввалӣ дар Қуръон ба маънои офаридан ва аз адам (нестӣ) ба вуҷуд овардан ва дуввумӣ ба маънои сохтан ба кор рафтааст. Баъзе муфассирон дар маънои онҳо чандон фарқ нагузошта, ҳар ду калимаро ба маънои муштараки офаридан донистаанд. Калимаи барийя البَرِيَّة)7 Қуръон: 98:6,7) аз назари баъзе муфассирон асли йоӣ дониста шуда, ба маънои офарида ва махлуқ ва калимаи набраа (نَبْرَأَها) дар ояти 22 сураи Ҳадид маҳмузу-л-лом ба маънои сохтан — ба вуҷуд овардан ва шакли ҳастӣ бахшидан аст, ки дар ин сурат ба маънои фотир аст, на ба маънои холиқ. Калимаҳои ҳамрешае бо Борӣ бароат (بَرَاءَة) ва барӣ (بَريء) ба маънои пок ва барӣ будан низ дар Қуръон (9: 1; 6: 19, 78; 8:48; 9:3; 10:41; 11: 35, 54; 26:216; 59:16) ба кор рафтааст, ки ба маънои Борӣ дахле надоранд. Борӣ ба маънои аввал — офаранда тобиши дигаре аз калимаи холиқ (офаридгор) — номи дигари Худованд буда, дар ояти 24 сураи Ҳашр (Ӯст Худои офаридгор) бавуҷудоранда (ва) суратбахш ва ба маънои дуюм: (Ӯст Худои офаридгор) созанда (ва) суратбахш тафсир мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]