Jump to content

Бохтар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бохтари қадим)

Бохтар ё Балх (порсии бостон: Bāxtrī- < авестоӣ: Bāxδī- < эронии бостон: *bāxθrī- < ҳиндуэронӣ: *ˡbag-: bajбахш, пора’ > санскрит: bāhlīka- > ведоӣ: bálhika- балхӣ: βαχλο < порсии миёна: Bāxl, Bālx < юн.-қад. Βακτριανή) номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд’;[1] — сарзамине таърихӣ, ки миёни қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳисор, ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, дар миёноби Омударё ҷойгир аст. Маркази ин сарзамин Зарринасп ном дошта, ки дар каронаи чапи Омударё дар шимоли Афғонистон ҷой дошт. ИН сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи Гандҳара, дар шарқ — бо Бадахшон, дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд. Ноҳияи Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои то-милодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст[2]

Забони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.

Бохтари қадим кишвари байни кӯҳӣ буда, иқлими мӯътадил ва оби фаровон, инчунин замини серҳосил дошта буд. Он дар пастхамии тектоникӣ вокеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обхӯрда (яъне лёсс) пӯшида шудааст. Ҳамвории доманаи шимоли Ҳиндукуш қариб 400 км тӯл мекашад, ва бараш то 140 км аст. Баландии ин ҳамворӣ 500 м дар ҷануб ва 250 м дар шимол-ғарб аст.

Ҳайкалчаҳои занхудоҳои давраи бохтариён, ки дар Афғонистони ҳозира ёфт шудааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати ҷануби Осиёи Марказӣ аз тарафи Ҳахоманишиён, мардумони ноҳияи Форси ҷануб-ғарбӣ Эрони ҳозира, забт шуда буд. Навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд мекунад, ки давлати Ҳахоманишиҳо аз сарзамини «Сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекунад. «Сакоиҳои паси Суғд» ҳамон мардуми бодиянишин, эронинажод ва эронизабон буд, ки «он сӯи дарёи Сир» зиндагӣ мекард, яъне мардуми ҷараёнгоҳи боло, қисман миёнаи ин дарёи Осиёи Марказӣ. Марғиён (давлати Порт), Бохтари қадим, Хоразм, ва Суғд, ки аз қадим-ул-айём макони мардуми Туронинажод буданд — ҳамаро эрониёни бодиянишин ба ҳайати давлати навсохтаи Форс — Ҳахоманишиён дохил карданд.

Бохтари қадим байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша мавқеи махсусе дошт. Ҳахоманишиҳо низ онро ба муҳимтарин маркази шарқии давлати худ мубаддал гардониданд. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодии Бохтар, ва ҳунари ҳарбии мардумони вилоятҳои тобеъи он, мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии тамоми давлати Ҳахоманишиён муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавии Ҳахоманишиён, яъне дар зиддияти дохилисулолавӣ ва сиёсӣ барои тахти шоҳаншоҳӣ, хеле бузург буд.

Ботинан ва зоҳиран, аъёну ашрофи Бохтар сиёсати ҷудоиталабиро пеша мекарданд ва мардумаш таърихи қадим ва маданияти худро парвариш мекард. Чун сиёсатдорони кордида, бохтариён дар ҷангҳои сулолавӣ гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлати Ҳахоманишиҳо баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бохтари қадим — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (Суғд ва Хоразм) будан, инчунин номи калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кушониён ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бохтари қадим қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103—126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар (Бохтари қадим) ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кушониён — Вароруд аз ҳамин марказ идора карда мешуд.[2]. Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои «ғарб»-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои «Бохтар» дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.

Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар (Бохтари қадим) номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард қарор доштааст.[3]

Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба асри II м. тааллуқ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар (Бохтари қадим) 18 шаҳр мавҷуд буда, шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст[2]

Бозгашти номи Бохтар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон…, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.[4][5]

Сару либоси бохтариёни бостон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Либоси мардонаи бохтарӣ(Кофарниҳон, Тоҷикистон)
Либоси занонаи бохтарӣ(Кофарниҳон, Тоҷикистон)
Либоси занонаи бохтарӣ(Кофарниҳон, Тоҷикистон)
Либоси мардонаи бохтарӣ(Кофарниҳон, Тоҷикистон)

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 2 (b—d). — 504 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018324-5 (т.2). (в пер.). — с. 57
  2. 2.0 2.1 2.2 Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. — С. 169.
  3. Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Бохтар. 27 сентябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.
  4. Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд(тоҷ.). khovar.tj. 8 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.
  5. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон(тоҷ.). www.president.tj. Сайти рамии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8 октябри 2018 санҷида шуд.