Подшоҳии Бохтари қадим

Подшоҳии Бохтари қадим — номгузории Бохтари қадим дар Авесто ҳамчун кишвари «бо парчамҳои барафрӯхта», яке аз кишварҳои Ориёи ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти Давлати Каёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII пеш аз мелод ахбори таърихнависони Юнони Қадим гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халқи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.
Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумотҳои дигар низ мавҷуданд. Мувофиқи ахбори муаррихи юнонӣ Ктесий лашкари сершумор ва пурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд.[1]
Подшоҳии Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои томилодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст[2]
Забони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.
Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи Гандҳара, дар шарқ — бо Бадахшон, дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд. Бохтари қадим кишвари байни кӯҳӣ буда, иқлими мӯътадил ва оби фаровон, инчунин замини серҳосил дошта буд. Он дар пастхамии тектоникӣ вокеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обхӯрда (яъне лёсс) пӯшида шудааст. Ҳамвории доманаи шимоли Ҳиндукуш қариб 400 км тӯл мекашад, ва бараш то 140 км аст. Баландии ин ҳамворӣ 500 м дар ҷануб ва 250 м дар шимол-ғарб аст.[2]