Қубодиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳраки Қубодиён
Ноҳияи Қубодиён дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Ноҳия : Қубодиён
Замони таъсис :
Шаҳрдор:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : км²
Шумораи шаҳракҳо :
Шумораи ҷамоатҳо :
Мардум
Аҳолӣ (2008) : кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KA
Код ISO : TJ.KТ.KA
Пешшумора : +992 3551
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03TJ

Қубодиён (форсӣ: قبادیان‎) — шаҳракест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Шаҳраки Қубодиён дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад.

Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт ва Анастас Микоян яке аз раҳбарони шӯравӣ буд[1].

Мардум[вироиш]

Мардуми Қубодиён ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان»‎, форсӣ: «قوادیان»‎ ва форсӣ: «قباذیان‎» омада аст.

Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان»‎ дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[2].

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз шаҳрҳои Хутталон[3], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — аз шаҳрҳои аз вилояти Чағониён[4] будааст.

Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «шаҳре ободон» аз шаҳрҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[5].

Қубодиён зодгоҳи Носир Хусрав, яке аз бузургмардони ториху фарҳангу адаби Тоҷикистон аст.

Номдорон[вироиш]

Номдортарин зодаи Қубодиён шоиру файласуфу адиб Ҳаким Носир Хусрав аст.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Введенский Б.А. Большая советская энциклопедия, Том 27 — Большая Советская Энциклопедия Второе издание
  2. Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  3. Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967. — P. 1—230. — с. 93
  4. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  5. Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв.

Китобшиносӣ[вироиш]

  • Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  • Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967.
  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент: «Узбекистон». 1996.