Боқӣ
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои ислом |
Худо дар ислом |
---|
• Category |
Боқӣ, ал-Боқӣ (ар. الباقي — ҷовид, абадӣ ва фанонопазир) — яке аз номҳои Худованд. Зоти Ӯ бо ифодаи номи Б. зиндаи ҷовид ва ҳайю қайюми абадӣ аст. Дар Қуръон ин вожа барои исботи сифати бақо барои Худо ба кор рафтааст: «Ҳар касе бар рӯйи он (замин) аст, фонӣ аст ва (танҳо) зоти Парвардгори ту, ки соҳиби ҷалолу икром аст, боқӣ мемонад» (55:26, 27) ва «Ва Худо беҳтар ва боқӣ аст» (20:73). Ғаззолӣ дар тафсири маънои Б. мегӯяд: «Ӯ мавҷуди воҷибулвуҷуд бизотиҳи аст, лекин вақте дар зеҳн ба оянда изофа шавад, Б. ва чун ба гузашта изофа шавад, қадим (аввал) номида шавад». Б. аз назари мутакаллимон ва фалосифаи исломӣ мавриди баррасиҳои густардае қарор гирифт, ки ин басотати луғавии онро то андозае печида сохтааст. Вожаи Б. дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ омадааст ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ — «Сунан»-и Тирмизӣ (3507), «Сунан»-и Ибни Моҷа (3861), «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Фатҳулборӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шудааст. Банда, ки фитратан ба абадият ва ҳаёти мондагор гароиш дорад, мақоми ҷовидонагӣ ва ҳаёти абадиро бо таҷаллии осори номи Б.-и Худованд дар зиндагиаш, бо пайравӣ аз таълимоти шариати Ӯ ва бо анҷом додани корҳои мондагоре, ки дар таъбири қуръонӣ ба онҳо боқиёти солиҳот — пасандозҳои нек гуфта мешавад, ба даст меоварад ва ба саодати абадӣ дар биҳишт даст меёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқӣ / А. Боқизода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.