Бузург Алавӣ
форсӣ: سید مجتبی آقابزرگ علوی | |
Таърихи таваллуд: | 2 феврал 1904[1] |
Зодгоҳ: | Теҳрон |
Таърихи даргузашт: | 18 феврал 1997[2] (93 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Берлин |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | забоншинос, нависанда, румоннавис, тарҷумон, сиёсатмадор, шоир, қиссанавис |
Забони осор: | форсӣ[3] ва олмонӣ[3] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муҷтабо Бузург Алавӣ (форсӣ: سید مجتبی آقابزرگ علوی; 2 феврали 1904, Теҳрон — 17 феврали 1997, Берлин) — нависанда ва рӯшанфикри эронӣ эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алавӣ маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Теҳрон гирифта, соли 1922 ба факултети филологияи Донишгоҳи Берлин дохил шуд ва забонҳои немисӣ, англисӣ ва франсавиро омӯхт. Соли 1928 баъди бозгашт ба Эрон дар Рашт зиндагӣ карда, баъдтар ба Теҳрон омад ва дар яке аз омӯзишгоҳҳо муаллими забони немисӣ таъйин шуд. Алавӣ маҷаллаи «Дунё»-ро таъсис кард (1933). Алавиро барои фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва мақолаҳои тезутунди публитсистиаш ҳабс карданд (1937—1941). Баъди аз маҳбас озод шудан ба корҳои сиёсӣ, адабию илмӣ пардохт, бо маҷала ва рӯзномаҳои «Сухан», «Паёми нав», «Кабӯтари сулҳ», «Рамзи Одина» ҳамкорӣ кард ва осори бадеиашро дар саҳифаҳои ин нашрияҳо ба табъ расонд. Алавӣ дар натиҷаи табаддулоти ҳарбию иртиҷоӣ Эронро тарк карда ба Германия рафт ва дар Донишгоҳи Берлин аз забону адабиёти форсӣ дарс гуфтааст (1953).
Мерос
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷмӯаи нахустини новеллаҳои Алавӣ «Ҷомадон» соли 1934 дар Теҳрон, маҷмӯаи дуюмаш соли 1941 бо номи «Варақпораҳои зиндон» нашр шудаанд. Ёддоштҳои маҳбусии нависанда бо унвони «Панҷоҳу се нафар» (1942) ба табъ расид, ки дар онҳо зиндагии 53 нафар муборизони Эронро ҳақиқатнигорона ба қалам додааст. Маҷмӯаи дигараш бо номи «Номаҳо» (1952) низ ба табъ расидааст. Ин маҷмӯа бо медали тилои Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ ноил гардидааст. Дар аввали солҳои 50 садаи XX Алавӣ ба жанрҳои эпикӣ рӯ оварда, романи «Чашмҳояш»-ро (1953) нашр мекунад, ки дар адабиёти муосири форсӣ яке аз беҳтарин асарҳои иҷтимоист. Як қатор асарҳои публитсистии Алавӣ дар Германия ба табъ расидаанд: «Эрони мубориз» (1955), «Нафти хунин» (1956), «Кишвари гулу булбул» (1957), новеллаи «Девори сафед» ва ғайра Алавӣ таълифоти адабиётшиносӣ ҳам дорад, ки маъруфтарини онҳо «Таърих ва инкишофи адабиёти муосири Эрон» (1961) аст. Алавӣ як силсила осори нависандагони рус (Чехов, Горкий, Маршак) ва Европа (Свейг, Шиллер, Шоу ва дигарон)-ро ба забони форсӣ тарҷума ва нашр кардааст. Маҷмӯаи новеллаҳои Алавӣ бо номи «Девори сафед» ба забони тоҷикӣ (1972) чоп шудааст. Осори Алавӣ ба забонҳои арманӣ, озарӣ, гурҷӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #123200415 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ https://www.britannica.com/biography/Bozorg-Alavi
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 39. — ISBN 978-2-221-06888-5
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комиссаров Д. С., Очерки современной персидской прозы, М., 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алавӣ Муҷтабо Бузург // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.