Jump to content

Асунсион

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асунсион
исп. Nuestra Señora Santa María de la Asunción
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1537
Масоҳат
  • 117 км²
Баландӣ
43 ± 1 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Коди телефон 021
Нишонаи почта 1001–1925
Вебгоҳи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Биноҳои маъмурии Асунсион

Асунсион (Asuncion), шаҳр, пойтахти Парагвай, дар соҳили чапи дарёи Парагвай, дар ҷойи ба он як шудани дарёи Пилкомайо воқеъ аст. Аҳолиаш 507,5 ҳазор нафар (2006). Дар Асунсион 90% халқияти гуарани (дурагаҳои испанию ҳиндиёни Амрико), инчунин аргентиниҳо, бразилиягиҳо, олмониҳо, итолиёиҳо, португалиягиҳо, ҷопониҳо, украинҳо ва русҳо зиндагонӣ мекунанд. Масоҳаташ 117 км2. Роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард Асунсионро бо Боливия, Бразилия ва Аргентина мепайванданд. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бандари дарёӣ – бандари асосии мамлакат буда, аз он ба Буэнос-Айрес (Аргентина) ва Монтевидео (Уругвай) киштигардӣ сурат мегирад. Асунсион маркази тиҷоратию иқтисодии мамлакат буда, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ, коргоҳҳои киштисозӣ ва таъмири он, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, тамоку, маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ дорад. Асунсион дорои донишгоҳи миллӣ (1890), донишгоҳи католикӣ (1960), китобхонаи миллӣ ва бойгонӣ (1869), осорхонаи этнографӣ, осорхонаи миллии саноеи нафиса ва атиқа (1887), боғи ботаникӣ, боғи миллӣ, консерватория, 4 пойгоҳи телеви­зионӣ ва 6 пойгоҳи радиошунавонӣ аст. Дар Асунсион то омадани аврупоиён (соли 1527) мардуми таҳҷоии гуарани сокин буданд. Асунсионро дар шакли қалъаи мудофиавӣ соли 1537 конкистадори испаниявӣ – Хуан де Аполас асос гузоштааст. Он то садаи XVII шаҳри асосии тамоми ноҳияҳои испанинишини музофоти Ла-Плата буд. Аз 15 майи 1811 – пойтахти давлати соҳибистиқлоли Парагвай.

  1. 1.0 1.1 1.2 https://www.ine.gov.py/censo2022/documentos/1%20Resultados%20finales%20poblacion.pdf