Jump to content

Бӯстон (шаҳрак, н. Масчо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳрак
Бӯстон
Нишон
Нишон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
ноҳия Ноҳияи Масчо
Ҷамоат Шаҳраки Бӯстон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина деҳаи Янтоқ
Масоҳат
  • 943 км²
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 13600[1] тан (2022)
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишонаи почта 735
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Бӯстон (собиқ Янтоқ) — шаҳрак, маркази ноҳияи Мастчоҳ. Аз Бӯстон то шаҳри Хуҷанд 59 км, то истгоҳи роҳи оҳани Бекобод 43 км. Аз Бӯстон роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Тошканд мегузарад. Аҳолиаш 12300 нафар (2012).

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
13,2 13,6 15,2 15,5

Дар Бӯстон коллеҷи кишоварзӣ, литсейи касбӣ-кишоварзӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, мактаби санъат, 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 боғчаи бачагона, 4 мағоза, 2 ошхона, 2 чойхона, нуқтаи хидмати маишӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ-фароғатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 дорухона, беморхона, дармонгоҳ, беморхонаи пешгирии касалиҳои сил, 2 китобхона мавҷуд аст. Дар Бӯстон идораи хоҷагии ҷангал, ҷамъияти матлубот, раёсати умури кишоварзӣ, пойгоҳи нақлиётӣ (автобаза), муассисаи нигоҳдории роҳҳои худрав, ситоди ҳолатҳои фавқулода, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, идораи суди ноҳиявӣ, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Рӯдакӣ» ва «Сино», заводи пахта, заводи равғанкашӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Чашмасор», ҶММ ба номи Ҳасан Абдулов, ҶММ «Музаффар» ва «Дорис» фаъолият мекунанд. Дар маркази шаҳрак барои хотираи шаҳидони ҶБВ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри «Тоҷикистони Советӣ» аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]


  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.