Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркон (деҳа, н. Масчо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия ноҳияи Масчо
Ҷамоат Деҳоти Навбаҳор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 124 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3445

Заркон (то 28.02.2013 Умматӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Масчо. Аз Заркон то маркази ҷамоат 38 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Бӯстон) 43 км. Аҳолиаш 124 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Обишифо таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа 1 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад.