Jump to content

Вайдулло Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вайдулло Бобоев
Вайдулло Бобоев
Таърихи таваллуд 4 июн 1936(1936-06-04)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 19 март 2008(2008-03-19) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

Вайдулло Бобоев (тав. 04.06.1936, деҳаи Кулкенти ноҳияи Исфара — 19.03.2008, Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1978), дотсент (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1955–1960 дар факултети фазика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкотаҳсил намудааст. Солҳои 1960–1966 ассистент, 1966–1968 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ, 1968–1975 муаллими калони кафедраи физикаи назариявии донишкадаи номбурда, 1975–1976 аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Москва, 1976–1987 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ, 1987–1996 мудир ва дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Соли 1996 ба нафақа баромадааст. Оид ба корҳои беруназсинфӣ аз радиотехника ҳамчун воситаи ташаккули лаёқати хонандагон кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 90 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1989) ва раҳматномаҳои раёсати донишкадаи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.

Радиоэлектроника дар хоҷагии қишлоқ, Д., 1973.