Валӣ Самад
Таърихи таваллуд | 20 январ 1936 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 октябр 2019 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Алма-матер |
Валӣ Самад (Валиҷон Самадов[1]; 20 январи 1936, деҳаи Ворух, ноҳияи Исфара — 24 октябри 2019, Душанбе[2]) — адабиётшинос, забоншинос, шоҳномапажӯҳ[3] ва нависандаи саршиноси тоҷик[4] Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994). Аз ӯ ба унвони «падари забони тоҷикӣ» ёд мешавад[5].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Валӣ Самад 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят (1961–1962), сипас ассистенти Кафедраи таърихи Тоҷикистони Институтти давлатии педагогии Ленинобод (1963) будааст.
Соли 1964 вориди аспирантураи Институти давлатиии педагогии Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон (1964–1966)[6] гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Аз соли 1966 ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ ва аз соли 2003 ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ буд[6].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Валӣ Самад дар раванди ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳои хеш асосан ба сарнавишт ва ҷойгоҳи адабиёти форс-тоҷик дар ҳавзаҳои адабии Қафқоз ва Русия, аз ин адабиёт чиро гирифтани адибону олимони мардумони дигар, чӣ тавр гирифта шудан, ба кадом мақсад истифода бурдан, чӣ баҳраҳо бардоштани онҳо ва ҳамзамон чӣ арзиш доштани ҷавҳари ин баҳрабардориҳо ба адабиёту фарҳанги он ҳавзаҳо аҳаммият додааст[6].
Валӣ Самад апрели 1960 дар ҳамоиши XXII илмии донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар шаҳри Тифлис ширкат варзида, дар мавзӯъи «Робитаҳои адабии тоҷику гурҷӣ» маърӯза хонд. Таассуроти сафараш ба Қафқозро дар нахустин мақолаи илмию оммавиаш «14 рӯз дар Қафқоз» (грӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», 14 апрели 1960) иброз доштааст.
Валӣ Самад дар даврони фаъолияти илмӣ ва адабиётии худ беш аз 15 китобу 35 мақола дар ҳавзаҳои гуногуни таъриху адабиёт ба чоп расондааст. Ҳавзаи тахассусии навиштаҳои вай бо тамаркуз бар равобити адабии мардуми тоҷик бо русҳо, озариҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, туркманҳо, тоторҳо ва узбакҳо мебошад[5].
Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ-омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва Шоҳнома дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000)[7], «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернишевский»[8] (2004, 2005), «Меҳрнома» (ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад ҳаст.
Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) буд.
Ифтихорот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи Китоби соли Эрон дар соли 2005 барои китоби «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернишевский»;
- Дипломи дараҷаи II барои китоби «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернишевский» дар Озмуни байнулмилалии кишварҳои ИДМ дар заминаи фарҳанг (Маскав, 2005) .
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тӯшаи ҳамдилӣ. — Д. : Адиб, 1989. — 208 с.
- Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал. — Д. : Маориф, 1991. — 224 с
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Баҳодур Б. Валӣ Самад: забони тоҷикӣ тавонманд аст. // Ҷумҳурият – 2015. – 5 октябр (№: 508).
- ↑ Мусои Бобоҳоҷӣ. Адабиётшиноси тоҷик Валӣ Самад аз олам даргузашт. asiaplustj.info. ASIA-Plus (24 октябри 2019). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ باشگاه شاهنامه پژوهان. ولی صمد شاهنامه پژوه تاجیک درگذشت(форсӣ). باشگاه شاهنامه پژوهان (25 октябри 2019). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ ولی صمد دانشمند سرشناس تاجیک درگذشت(форсӣ). خبرآنلاین (25 октябри 2019). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ 5.0 5.1 ولی صمد؛ پدر زبان تاجیکی و برنده کتاب سال ایران- اخبار ترکیه و او(форсӣ). Tasnim. خبرگزاری تسنیم (26 октябри 2019). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Валии Самад / М. Диловаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ فردوسی و شاهنامه در قفقاز(форсӣ). بنیاد فردوسی شاخه توس. 2 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2023.
- ↑ شاهنامه فردوسی و چرنیشفسکی (نقش تمدن ایرانی در تاریخ فرهنگ روسی). ketab.ir. خانه کتاب و ادبیات ایران. 2 феврали 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шокирзода Ш. Васлгари дилҳо ва тамаддунҳо/Адаб, 2003, № 2;
- Сатторзода А. Достони марди донишманд, миллатпараст ва намакшинос. Дар китоби Валӣ Самад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский. Д., 2004;
- Осорномаи Валӣ Самад. Д., 2006;
- Гавҳаршинос, гавҳарнигор, гаварниҳод. Маҷ. «Адаб», 2012, № 1-2.